ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 9.07 саҳ. 1
  • Пурратар кардани хидматамон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Пурратар кардани хидматамон
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2007
  • Маводи монанд
  • Оё шумо хизмати худро пурра ба ҷо меоред?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Бародарони ҷавон, оё шумо ба ин кӯшиш карда истодаед?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • Бародаронро таълим диҳед, то ба гирифтани масъулият кӯшиш кунанд
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Бародарон, барои рӯҳ бикоред ва ба ҷамъомад хидмат кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2010
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2007
km 9.07 саҳ. 1

Пурратар кардани хидматамон

1 Павлуси расул масеҳиёнро панд медод, ки рафтори ба Худо писанд карда, «ба ҳамон тарз боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст овар»–анд (1 Тас. 4:1). Ин чӣ маъное барои мо дорад? Аз як ҷиҳат, чунин маъно дорад, ки мо бояд барои фаъолияти бештари рӯҳонӣ ҷаҳд намоем ва бикӯшем, ки «ба таври пурра хидмати худро иҷро намо»–ем — 2 Тим. 4:5, ТДН.

2 Ангеза. Ангезаи дар хидмат ҷаҳд кардани мо хоҳиши ба Офаридгор бештар хидмат намуданамон аст. Мо мехоҳем, ки рӯҳан баркамолтар шавем ва роҳҳои беҳтар кардани хидматамонро ҷӯем. Тартиби хуб бо ангезаи муносиб моро кӯмак мекунанд, ки ба мақсадҳои теократиамон бирасем — Заб. 1:1, 2; Фил. 4:6; Ибр. 10:24, 25.

3 Ҷаҳди мо барои фарох намудани хидматамон талаб мекунад, ки мо рӯҳи диҳанда, яъне худфидокориро инкишоф диҳем. Чунин рӯҳ ҳангоми бо дуо мулоҳиза кардан оиди намунаи хуби Исо парвариш ёфта метавонад (Мат. 20:28). Исо аз хидмат ба дигарон шодии бузург мегирифт (Аъм. 20:35). Мо ба Исо тавассути зоҳир кардани таваҷҷӯҳи шахсӣ ба одамон ва омодагӣ дар истифодаи имкониятҳои фарохтар кардани хидматамон пайравӣ мекунем — Иш. 6:8.

4 Нақши волидон. Хоҳиши хидмат ба дигарон ва фарох кардани хидматро ба бачаҳо аз синни кӯдакӣ талқин кардан мумкин аст. Бачаҳо саъйи аъзоёни оила ва фаъолияти онҳоро дар фарохкунии хидмат хоҳанд дид. Бародаре, ҳангоми бача буданаш бо бобои худ дар фаъолиятҳои теократӣ ҳамкорӣ кард, дар натиҷа барангехта шуд, ки дар хидмат ҷаҳд намояд. Ҷаҳду шодии бобояш сабаб шуд, ки ӯ имкониятҳои хидмат ба бародаронро ҷӯяд. Ҳоло вай ходими ёвар аст.

5 Ниёз ба бародарон. «Агар касе усқуфиро орзу кунад, кори хубе орзу мекунад» (1 Тим. 3:1). Ин суханон бародаронро ташвиқ мекунанд, ки барои дар худ доштани хусусиятҳое, ки барои афзалиятҳои минбаъда дар хидмати созмони Яҳува лозиманд, ҷаҳд намоянд. Ин кор ҳунарҳои махсусу қобилиятҳои барҷастаи табиие талаб намекунад. Бародаре, ки хидмати худро пурратар карданист, аввалан Салтанати Худоро ҷустуҷӯ менамояд ва дар хидмат боғайрат хоҳад буд (Мат. 6:33; 2 Тим. 4:5). Ӯ мекӯшад, ки намунаи хубе барои дигарон бошад.

6 Дар ҷаҳон. Яҳува суръати ғунучинро меафзояд (Иш. 60:22). Эҳтиёҷи фаврие вуҷуд дорад, ки ҳамаи пайравони намунаи Исо ҳарчи пурратар дар хидматашон кор кунанд. Ҳисоботи соли хидмати 2006 нишон медиҳад, ки 248 327 нафар таъмид гирифтанд, яъне ҳар рӯз 680 нафар! Бигзор ҳамаи мо барои ҷустани имкониятҳои пурратар хидмат кардан давом диҳем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан