Ба намунаи Исо пайравӣ кунед
1. Исо чӣ намунае гузошт?
1 Вақте ки дар кори шогирдсозӣ иштирок мекунем, бояд дар хотир дорем, ки намунаи мо метавонад таъсири пурзӯре ба онҳое ки моро мушоҳида менамоянд, дошта бошад. Исо бо гуфтору рафтор таълим медод. Онҳое ки ӯро мушоҳида мекарданд, ғайрати вай, муҳаббати ба одамон доштааш, хоҳиши ба ҷалоли номи Худо мутамарказшудааш ва қатъияти дар иҷрои иродаи Падар доштаашро медиданд — 1 Пет. 2:21.
2. Намунаи мо ба ҳамхидматонамон чӣ гуна таъсир расонида метавонад?
2 Ҳангоми хидмати хона ба хона. Чун намунаи Исо, намунаи мо ба онҳое ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд, таъсир мерасонад. Воизони наву камтаҷриба боғайратии моро дар хидмат дида, оиди сифати дар мавъиза иштирок намудани худ андеша хоҳанд кард. Хурсандиву таваҷҷӯҳи самимии мо ба дигарон онҳоро оиди муҳиммияти зоҳир намудани чунин хусусият дар хидматашон хотиррасон хоҳад намуд. Вақте ки онҳо ҷаҳди моро дар истифодаи Навиштаҳо, кардани боздидҳо, гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас мебинанд, ба ҳамин тавр амал намудан барангехта мешаванд.
3. Намунаи мо омӯзандагони Китоби Муқаддасро чӣ гуна таълим дода метавонад ва онҳо аз он чӣ омӯхта метавонанд?
3 Ҳангоми гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас. Хусусан онҳое, ки ҳамроҳашон Китоби Муқаддас меомӯзем, рафтори моро мушоҳида мекунанд. Масалан, ҳарчанд мо метавонем ба онҳо муҳиммияти тайёрӣ ба омӯзиш, кушода хондани оятҳо ва зери фикрҳои асосӣ хат кашиданро фаҳмонем, лекин эшон ба тайёр будани худи мо аҳамият хоҳанд дод (Рум. 2:21). Агар мо барои бо онҳо гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас дар вақташ оем, омӯзандагон камта́р хоҳанд гузошт, ки корҳои дигар ба омӯзиш халал расонанд. Инчунин онҳо бешубҳа рӯҳияи фидокоронаамонро дар хидмат ва имони қавии моро мушоҳида хоҳанд намуд. Аз ин сабаб тааҷҷубовар нест, ки шогирдони онҳое ки пайравиашон ба намунаи Исо наздик аст, одатан воизони боғайрат ва пурсамар мегарданд.
4. Ҳангоми дар вохӯриҳои ҷамъомад ҳузур доштанамон мо чӣ гуна бо намунаи худ таълим медиҳем?
4 Ҳангоми ташрифорӣ ба ҷамъомад. Ҳамаи онҳое ки аъзои ҷамоати масеҳиянд, дар таълимдиҳӣ бо намунаи худ дар вохӯриҳои ҷамъомад иштирок менамоянд. Барои шахсони рағбатдоре, ки ба вохӯриҳои ҷамъомад омаданро сар мекунанд, мушоҳидаи рафтори хуб муфид аст. Онҳо бародарияти самимӣ, ягонагии масеҳӣ ва тарзи либоспӯшиву мӯйсарородиҳии хоксоронаро хоҳанд дид (Заб. 132:1). Намунаи мо дар пайваста ҳузур доштан дар ҷамъомадҳо ва дар назди мардум эътироф намудани имонамон низ нодида нахоҳад монд. Шахси ба яке аз ҷамъомадҳои мо ташрифоварда мушоҳида намуд, ки чӣ тавр духтарчае оятҳои иқтибосшавандаро аз Китоби Муқаддасаш зуд меёфту бо диққат ба хондани онҳо таваҷҷӯҳ мекард. Намунаи ин духтарча ӯро барангехт, ки омӯзиши Китоби Муқаддас хоҳиш кунад.
5. Чаро мо ҳеҷ гоҳ ба баҳои намунаи худ набояд беэътиноӣ кунем?
5 Навиштаҳо моро ташвиқ мекунанд, то ба намунаи мусбати дигарон пайравӣ намоем (Фил. 3:17; Ибр. 13:7). Аз ин рӯ бояд дар хотир дорем, ки агар мо ба намунаи гузоштаи Исо аниқ пайравӣ кунем, ин ба чашми дигарон мерасад ва ба таври мусбат ба онҳо таъсир карда метавонад. Инро дарк намуда, мо ба суханони 1 Тимотиюс 4:16 аз таҳти дил пайравӣ мекунем: «Ба худат ва ба таълим диққат деҳ».