ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 10.07 саҳ. 1
  • Бурдани умед бар камбағалон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Бурдани умед бар камбағалон
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2007
Хизмат ба Салтанати Худо 2007
km 10.07 саҳ. 1

Бурдани умед бар камбағалон

1 Исо ба камбағалон таваҷҷӯҳи махсусе зоҳир менамуд. Вақтҳое буданд, ки ӯ бо мӯъҷизаҳо кӯмаки моддӣ мерасонд ва бемориҳоро шифо мебахшид, аммо диққати асосии Исо ба мавъизаи паёми Салтанат барои камбағалон банд буд (Мат. 11:5). Хидмати масеҳии имрӯза барои камбағалон чун барои ҳар инсони дигар ҳанӯз ҳам баҳра меоварад — Матто 24:14; 28:19, 20.

2 Умеди воқеӣ. Ходимони “масеҳият” одатан ба камбағалон ваъда медиҳанд, ки агар онҳо ба калисоҳо босаховат назр кунанд, бой хоҳанд шуд. Аммо Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки танҳо Салтанати Худо ба қашшоқӣ хотима гузошта, тамоми мушкилиҳои инсониятро ҳал менамояд (Заб. 9:19; 144:16; Иш. 65:21–23). Бо нишон додани таълимоти Китоби Муқаддас ба камбағалон, мо ба онҳо умед мебахшем ва барои қонеъ гардонидани ниёзҳои рӯҳониашон кӯмак менамоем — Мат. 5:3.

3 Фарисиёни рӯзҳои Исо ба камбағалон назарбаландона муносибат мекарданд ва бо нафрат онҳоро “амха́ретс” ё “одамони замин” меномиданд. Лекин дар назари Исо «хуни онҳо», яъне ҳаёташон «гаронбаҳо» буд (Заб. 71:13, 14). Мо ба Исо пайравӣ намуда, ба камбағалон «марҳамат»–у ҳамдардӣ зоҳир менамоем (Мас. 14:31). Мо ҳаргиз намехостем, ки ба камбағалон беэътиноӣ зоҳир кунем ё бо дили нохоҳам ба онҳо шаҳодат диҳем. Бисёре аз шахсоне, ки пайғоми Салтанатро қабул намуданд, камбағаланд.

4 Кӯмак ба камбағалон. Таълими принсипҳои Китоби Муқаддас ба камбағалони маҳал ҳамчунин ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки таъсири қашшоқиро камтар созанд. Масалан, Китоби Муқаддас майхорагӣ, қиморбозӣ, танбалӣ, тамокукашӣ ва амалҳои дигареро, ки ба камбағалӣ мусоидат мекунанд, маҳкум менамояд (Мас. 6:10, 11; 23:21; 2 Қӯр. 7:1; Эфс. 5:5). Навиштаҳои Муқаддас боинсофӣ ва «аз ҷону дил» ба ҷо овардани корро мефармоянд, ки ин хусусиятҳои хубе барои ёфтани ҷои коранд (Қӯл. 3:22, 23; Ибр. 13:18). Дар ҳақиқат, мувофиқи ахборе, таваҷҷӯҳи аксарияти соҳибкоронро ҳангоми интихоб аз номзадон бар ҷои кор “боинсофӣ беш аз ҳама хусусиятҳои дигар ҷалб менамояд”.

5 Сабабгори ранҷу азоби камбағалон Яҳува нест. Ба қарибӣ Исои Масеҳ «мискинеро, ки истиғоса мебарад ва мазлумеро, ки мададгор надорад, халос хоҳад кард» (Заб. 71:12).То он замон, мо имконияти бахусусе барои тасаллои дигарон, аз ҷумла камбағалонро, тавассути умед аз Китоби Муқаддас дорем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан