Замимаи саволҳо
◼ Оё дар адабиёте, ки мо паҳн мекунем, навиштани суроғаи электронии шахсиамон дуруст аст?
Бо мӯҳр ё бо часпонидани варақчаи чопкардашуда баъзе воизон суроғаи электронии шахсиашонро дар маҷаллаву рисолаҳое мегузоранд, ки мо паҳн менамоем. Ва онҳое ки адабиётро гирифтанд, сипас метавонистанд барои ба даст овардани маълумоти иловагӣ бо воиз тамос бигиранд. Чунин кӯшишҳои кӯмак ба шахсони рағбатдор нияти нек доранд. Лекин веб–сайти расмии мо дар пушти маҷаллаю рисолаҳо аллакай қайд шудааст. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки мо суроғаи электронии шахсиамонро дар адабиёт нанависем.
Ба одамони маҳал дар коғази алоҳида додани маълумот барои тамос, хусусан ҳангоми кардани боздидҳо, қарори шахсии воиз аст. Ба ҷои он ки ба шахсони рағбатдор танҳо маълумот барои тамос гузорем, мо бояд дар кардани боздидҳо ташаббускор бошем. Рағбати самимиро ҳангоми сӯҳбати рӯ ба рӯ хубтар метавон дид.