Бузургтарин маъракаи мавъизае, ки замоне дар ҷаҳон буд!
Беш аз 100 сол аст, ки Шоҳидони Яҳува барои расонидани пайғоми Салтанат созмоншудаанд (1 Қӯр. 9:23). Чаро ин бузургтарин маъракаи мавъиза дар ҷаҳон аст? — Чунки ин пайғомро мо ба садҳо забон дар беш аз 230 кишвару маҳал паҳн мекунем (Мат. 24:14). Вале чаро ин кор муҳим аст? Ва чӣ гуна он дар чунин миқёси бузург иҷро мегардад?
Видеофилми “Шоҳидони Яҳува — созмоншудагон бар расонидани паёми Салтанат” ба ин саволҳо бо ҷузъиётҳо оиди ҷонибҳои зиёди фаъолияти байналхалқии мо ҷавоб медиҳад. Баъд аз дидани ин филм, саволҳои зеринро дида бароед: 1) Фаъолияти мо чӣ гуна созмон шудаву ҳидоят мегардад? 2) Шӯъбаҳои Нависандагӣ, Тарҷумонӣ, Рассомӣ, Хидмати Аудио/Видео чӣ нақше дар паҳншавии пайғом мебозанд? 3) Мақсади ба миқдори зиёд чоп кардану фиристодани адабиёт дар чист? (Юҳ. 17:3). 4) Дар як сол ба чӣ миқдор адабиёт чоп мегардад? 5) Адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаи мо чӣ кор мекунанд? (Ибр. 4:12). 6) Барои дастгирии рӯҳонии онҳое, ки қувваи биноишу шунавоишашон заиф аст, чӣ кор карда мешавад? 7) Кори мо чӣ гуна таъмин мегардад? 8) Мо аз кори шӯъбаҳои Хидмат оиди маълумот дар бораи беморхонаҳо, шӯъбаи хидматӣ ва шӯъбаи анҷуманҳо чӣ манфиат мебарем? 9) Чун ба яке аз Шоҳидони Яҳува, ин филм чӣ гуна миннатдории шуморо зиёд кард, нисбати он ки а) созмони Яҳува бар мавъизаи пайғом сарф менамояд? б) зиёда аз 100 оилаҳои Байт-Ил дар саросари ҷаҳонанд? в) бар миссионерҳову нозирон барномаҳои маълумотдиҳӣ пешкаш мегарданд? г) дидабароии ҳаррӯзаи ояте аз Китоби Муқаддас ва тайёрӣ бар вохӯриҳои ҷамъомад муҳим аст? д) ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад муҳим аст? е) Биҳишт дар рӯи замин чӣ маъно хоҳад дошт? (Иш. 11:9) и) шахсан шумо дар кори дарав саҳм мегузоред? — Юҳ. 4:35.
Чӣ ангезаҳои мусбатеро шумо ҳангоми нишон додани ин филм ба хешовандон, шиносон, боздидҳо ва онҳое, ки бо эшон Китоби Муқаддас меомӯзед, мушоҳида кардед? Чаро ин филм ва пайғомро ба каси дигаре ҳам ба зудӣ нишон надиҳед? — Мат. 28:19, 20.