Шикастадилонро тасаллӣ диҳед
1 Ҳеҷ замоне дар таърихи инсоният мисли имрӯз чунин эҳтиёҷ ба тасаллӣ вуҷуд надошт. Ба гуфтаи Сарварамон Исои Масеҳ пайравӣ намуда, мо низ мекӯшем, ки «шикастадилонро шифо» бахшем — Иш. 61:1.
2 Тарзи тасаллӣ. Барои тасаллии одамон, хидмати мо бояд бо пешниҳоди мусбат зоҳир гардад. Мавзӯи асосии сӯҳбати мо на корҳои бади дунё ва таълимоти козиб, балки умеди равшан аз ваъдаҳои тасаллибахши Худо мебошад. Ин маънои онро надорад, ки дар бораи Ҳармиҷидӯн чизе набояд гуфт. Мо ӯҳдадорем, ки «соли таваҷҷӯҳи Худованд ва рӯзи интиқоми Худои моро эълон» намоем ва «шарирро аз роҳи шариронаи ӯ огоҳ» кунем. Вале огоҳӣ аз Ҳармиҷидӯн ва тасвири оқибатҳои он маънои рӯпӯш кардани пайғоми Салтанатро надорад — Иш. 61:2; Ҳиз. 3:18; Мат. 24:14.
3 Аз дар ба дар. Вохӯрдани одамоне, ки аз беморӣ, марги шахси наздик, беадолатӣ, ё мушкилиҳои иқтисодӣ дилшикастаанд, душвор нест. Чун пайравони Исо, диламон ба онҳое, ки дар хидмат вомехӯрем, месӯзад ва мо рӯҳияи ҳамдардонаро нишон медиҳем (Луқ. 7:13; Рум. 12:15). Гарчанде ки як ё ду ояти бо мушкилиҳои имрӯза алоқамандбударо нишон медиҳем, мо бояд «дар шунидан бошитоб» бошем ва ҳамин тавр ба шахс барои зоҳир намудани эҳсосоташ имконият диҳем (Яъқ. 1:19). Баъд аз шунидан, мо дар мавқеи беҳтаре барои тасаллӣ қарор хоҳем дошт.
4 Дар вақти муносиби сӯҳбат, мо метавонем бигӯем, ки “ман мехоҳам ба шумо баъзе суханҳои рӯҳбаландкунандаи Китоби Муқаддасро бигӯям”. Оқил бояд буд, то ҳар нуктаи назари нодурустеро, ки шахс изҳор менамояд, рад накунем. Баръакс, мақсадро дар додани тасалливу рӯҳбаландӣ ва дилгармӣ аз Навиштаҳои Муқаддас бояд дошт. Дар ин бора метавонед ба соҳибхона нусхаи рисолаи ”Тамоми ранҷу азобҳо ба қарибӣ ба охир мерасанд!”-ро гузоред ва маълумоти рӯҳбаландкунандаи онро бо ӯ дида бароед.
5 Барои тасаллибахшии дигарон имконият ҷӯед. Оё ягон ҳамсоя, ҳамкор, ҳамдарс ё аъзои хонаводаатонро медонед, ки ба тасаллӣ эҳтиёҷ доранд? Чаро барои дидорбинии чунин шахсон бо мақсади гуфтани сухани тасаллибахше аз Китоби Муқаддас ҷаҳд накунед? Сабаби ба тасаллӣ ниёз доштани эшонро дониста, шумо ба он ҳолати муайян тайёр хоҳед шуд. Барои тасаллибахшӣ, баъзеҳо нома менависанд ё занг мезананд. Муҳаббати ҳақиқӣ ба наздикон моро бархоҳад ангехт, ки ба онҳо ҳамдардӣ нишон дода, тасаллиеро, ки доданаш лозим аст, аз Китоби Муқаддас пешниҳод намоем — Луқ 10:25–37.
6 Бале, мо ӯҳдадорем, ки шахсони азодор, ғаму андӯҳдоштаро тасаллӣ диҳем ва дилбардорӣ карда, умедашонро ба ояндаи рӯшан бедор кунем. Ин аст тасаллие, ки одамони тамоми дунё ба он мӯҳтоҷанд. Хушнудона нақл кардани чизҳои хубе, ки Худо ваъда додааст, ба одилон тасалливу умед меоранд. Бигзор мо ҳамеша дар ёд дорем, ки «шикастадилон» ба тасаллӣ мӯҳтоҷанд — Иш. 61:1.