Мактуб аз шӯъба
Воизони азиз!
Соли хидматии 2008 аз рӯйдодҳо бой буда, нишон дод, ки дар рӯзҳои мо суханони Яҳува аз Ишаъё 60:22 ба таври ҳайратовар иҷро шуда истодаанд: «Камшумор ба ҳазорҳо мубаддал хоҳад шуд, ва бемаҷол — ба халқи зӯровар. Ман — Худованд инро дар вақташ хоҳам тезонид».
Масалан дар Қазоқистон адади нави баландтарини пешравони доимӣ ба 2 205 нафар расид. Моҳи март бошад, 14 140 омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронида шуд. Илова бар ин, моҳи март дар Қазоқистон адади нави баландтарини воизон ба 16 145 нафар расид. Дар ин соли хидматӣ то 1-уми июн, дар Қазоқистон 15 ҷамъомад ва гурӯҳҳои дурдасти нав ташкил шуданд. Чунин комёбиҳо ба шарофати баракати Яҳува, имони қавии шумо ва бо фурӯтанӣ давом додани хидмататон имконпазир гардиданд (Мас. 15:33; 1 Тим. 6:12). Аз ин рӯ, бародарони азиз, шуморо бармеангезем, ки барои нозир шудан кӯшиш кунед, то ки бар ҷамъомадҳои навташкил ғамхорӣ намоед (1 Тим. 3:1).
Мо ба онҳое, ки ба минтақаҳои ба воизон ниёздошта кӯчидаанд, изҳори миннатдорӣ менамоем. Мадади шумо ба ҷамъомадҳои маҳаллӣ ва гурӯҳҳо, саривақтӣ ва хеле пурарзиш буд. Боварӣ дорем, ки шумо иҷро шудани суханони зеринро эҳсос кардед: «Баракати Худованд сарватманд мекунад» (Мас. 10:22).
Пас биёед, бо қатъият садоқатро ба Яҳува нигоҳ дошта, аз таҳти дил иродаи Ӯро иҷро кунем ва шубҳа накунем, ки Падари меҳрубони осмониамон барои тарсгорони худ баракатҳои зиёдеро тайёр кардааст! (Заб. 30:20).
Бародарони шумо,
Маркази динии Шоҳидони Яҳува дар Қазоқистон