«Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
1. Китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» бо кадом мақсад чоп шудааст?
1 Дар анҷумани вилоятии «Моро рӯҳулқудси Худо ҳидояд менамояд», дар соли 2008 ба забонҳои зиёд китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» баромад. Мо ин ҳафтаро бесаброна интизорем! Дар охири номае, ки Ҳайати роҳбарикунанда ба ҳар як дӯстдорони Яҳува равона кардааст, чунин гуфта мешавад: «Самимона умедворем, ки ин китоб ба шумо барои аз рӯи ҳақиқат зиндагӣ кардан кӯмак мерасонад ва бо ин шумо худро дар муҳаббати Худо, ки ҳаёти ҷовидонӣ меорад, нигоҳ хоҳед дошт (Яҳудо 21).»
2. Ин китоби нав дар кадом ҷиҳатҳои ҳаёт ба мо кӯмак мерасонад?
2 Кадом маълумот муҳокима карда мешавад. Кадом принсипҳои Китоби Муқаддасро дар мавридҳои зерин ба кор бурдан мумкин аст: дар издивоҷ, интихоби дӯстон, вақтхушӣ, одатҳо, тарзи сухангӯӣ, расму русум ва эҳтиром ба ҳокимият? Виҷдони мо аз рӯи меъёрҳои баланди одилонае, ки дар Каломи Худо омадаанд, таълим хоҳад ёфт (Заб. 18:8, 9). Вақте ки мо тарзи фикрронии Яҳуваро хубтар мефаҳмем, хоҳиши ба Ӯ писанд омадан, моро бармеангезад, ки дар ҳамаи ҷиҳатҳои ҳаёт ба Ӯ итоат кунем (Мас. 27:11; 1 Юҳ. 5:3).
3. Барои чӣ масеҳиёни ҳақиқӣ бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд, то ки дар муҳокимаи ин китоб иштирок кунанд?
3 Муҳокима дар ҷамъомад. Ин китоби навро дар ҷамъомади бисёр мамлакатҳо омӯзиш мекунанд. Ҳангоми тайёрӣ ба омӯзиш, барои ҷалол додани номи Яҳува дар ҷамъомад, мақсад гузоштан хуб аст (Ибр. 13:15). Маълумоти каме, ки муҳокима мешавад, ба ҳама имконият медиҳад, ки дар хона хуб тайёрӣ дида, дар ҷамъомад фикрҳои фаҳмидаро шарҳ диҳанд. Ҷавобҳои хубтайёркардаву кӯтоҳ дигаронро ба муҳаббат ва корҳои нек бармеангезад ва барои муҳокимаи шавқовару пурмазмун мусоидат мекунад (Ибр. 10:24). Ҳамчунин агар масеҳийёни ҳақиқӣ шахсан имонашонро бо чунин тарз иброз намоянд, хурсандии зиёд эҳсос хоҳанд кард.
4. Барои чӣ аҳкомҳои Яҳуваро иҷро кардан хеле муҳим аст?
4 Исо дар шоми охирини ҳаёташ гуфт, ки танҳо бо иҷро намудани аҳкомҳои Худо, мо метавонем худро дар муҳаббати Ӯ нигоҳ дорем (Юҳ. 15:10). Китоби «Муҳаббати Худо» ба мо қувват мебахшад, ки принсипҳои Китоби Муқаддасро дар ҳаёти ҳаррӯзаамон ба кор барем ва «худро дар муҳаббати Худо» нигоҳ дорем (Яҳд. 21).