Иштирок дар мавъиза моро рӯҳан қавӣ мегардонад
1. Иштирок дар мавъиза ба мо чӣ манфиат меорад?
1 Иштироки фаъолона дар кори мавъиза метавонад моро рӯҳан қавӣ гардонад ва хурсандии зиёд бахшад. Албатта, бо иштирок дар хидмат ва иҷро кардани амри «каломро мавъиза кун», мо пеш аз ҳама дили Яҳуваро хурсанд мекунем. Вале ин ба манфиати худи мо ва ҳамчунин баракат аз ҷониби Яҳува мебошад (2 Тим. 4:2; Иш. 48:17, 18). Пас чӣ тавр иштирок дар мавъиза метавонад моро қавӣ ва хурсанд гардонад?
2. Кори мавъиза дар кадом мавридҳо моро қавӣ мегардонад?
2 Қавӣ мегардем ва баракат меёбем. Кори мавъиза моро бармеангезад, ки диққатамонро на ба душвориҳои имрӯза, балки ба баракатҳои Салтанат равона созем (2 Қӯр. 4:18). Фаҳмондани таълимоти Китоби Муқаддас имонамонро ба ваъдаҳои Яҳува қавӣ мегардонад ва миннатдории моро барои ҳақиқат зиёд менамояд (Иш. 65:13, 14). Вақте ки мо ба одамон барои рӯҳан инкишоф ёфтан кӯмак мерасонем, то ки онҳо «аз ҷаҳон» набошанд, мо худамон барои аз ҷаҳон ҷудо будан қавӣ мегардем (Юҳ. 17:14, 16; Рум. 12:2).
3. Чӣ тавр мавъиза ба мо барои инкишоф додани хислатҳои масеҳӣ кӯмак мерасонад?
3 Иштирок дар мавъиза барои инкишоф додани хислатҳои масеҳии худ кӯмак мерасонад. Масалан, кӯшиши «барои ҳама кас... ҳама чиз» шудан, ба мо барои инкишоф додани фурӯтании бештар ёрӣ мерасонад (1 Қӯр. 9:19–23). Ҳар гоҳ бо онҳое, ки «мисли гӯсфандони бе чӯпон бемадор ва пароканда» мебошанд, сӯҳбат мекунем, мо дилсӯзиву ҳамдард буданро таълим мегирем (Мат. 9:36). Ба бепарвоиву таъқибот дучор гардида, мо истодагариро таълим мегирем. Инчунин вақту қуввати худро баҳри дигарон дареғ надоштан, ба мо шодиву хурсандии зиёд мебахшад (Аъм. 20:35).
4. Шумо дар бораи хидмати худ чӣ гуфта метавонед?
4 Бо хидмати худ ҷалол додани ягона Шахсияте, ки ибодати моро сазовор аст, ифтихори бузург мебошад! Хидмат моро қавӣ мегардонад. Он ба онҳое, ки дар бораи хушхабар пурра шаҳодат медиҳанд, баракатҳои фаровон меорад (Аъм. 20:24).