Онҳоеро ки хонишашон суст аст, таълим диҳед
1. Мо дар хидмат бо кадом душворӣ дучор шуда метавонем?
1 Баъзан мо дар мавъиза бо душвориҳо дучор мегардем. Яке аз душвориҳо — таълим додани ҳақиқат ба одамоне мебошад, ки хонишашон суст аст. Дар ин маврид чӣ бояд кард?
2. Чӣ тавр мо ба онҳое ки хонишашон суст аст, ҳурмат зоҳир карда метавонем ва чаро?
2 Қадру қиммати шахсро бидонед. Барои Яҳува на маълумотнокии одам, балки ҳолати дили шахс муҳим аст (1 Подш. 16:7; Мас. 21:2). Аз ин рӯ мо ба онҳое, ки хониши суст доранд, ҳавобаландона назар намекунем. Агар нисбати чунин одамон ҳурмату пурсабрӣ зоҳир намоем, онҳо кӯмаки моро бо ҷону дил қабул хоҳанд кард (1 Пет. 3:15). Ин маънои онро дорад, ки мо шахсро барои хондани матн ё сархат маҷбур намекунем. Вақте ки дониши шахс оиди ҳақиқатҳои бебаҳои Китоби Муқаддас зиёд мегардад, шояд ӯ барои беҳтар гардондани хониши худ хоҳиши бештар пайдо кунад, то ки «рӯзу шаб» аз хондани Каломи Худо лаззат барад (Заб. 1:2, 3).
3. Чӣ тавр бо онҳое ки хонишашон суст мебошад, омӯзиши Китоби Муқаддас гузарондан мумкин аст?
3 Тарзҳои гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас. Истифодаи тасвирҳо — беҳтарин тарзи таълимдиҳӣ ва машқдиҳии хотира мебошад. Масалан шумо метавонед аз омӯзанда пурсед, ки ӯ дар тасвири адабиёте, ки омӯхта истодааст, чиро мебинад. Сипас барои фаҳмидани он ки тасвир чиро таълим медиҳад, ба омӯзанда саволҳои ёридиҳанда диҳед. Оятҳоеро истифода баред, ки фикрҳои муайянеро аз тасвир таълим медиҳанд. Инчунин бо ёрии тасвирҳо метавонед мавзӯи дарсро такрор кунед. Ҳангоми омӯзиш маводи аз ҳад зиёдро нагузаред. Мавзӯву фикрҳои асосиро қайд намоед ва маводи иловагии ба мавзӯъ дахлнадоштаро муҳокима накунед. Оятҳоро аз худи Китоби Муқаддас хонед ва тавассути савол додан боварӣ ҳосил намоед, ки омӯзанда порчаи хондаро фаҳмидааст. Ин ӯро бармеангезад, ки хонишашро беҳтар гардонад, то ки мустақилона Китоби Муқаддасро тадқиқ намояд.
4. Чӣ гуна мо ба омӯзанда барои беҳтар кардани хонишаш кӯмак расонда метавонем?
4 Маслиҳатҳои амалӣ. Шахсоне, ки хонишашон суст аст, ё онҳое ки барои равон хондан имконияти кам доштанд, метавонанд мавзӯъро хуб фаҳманд ва онро дар хотир нигоҳ доранд. Шумо метавонед чунин шахсонро барангезед, ки аудио–сабтҳои адабиётамонро истифода баранд ва хонандаро аз аудио–сабтҳо ё шахсонеро ки хонишашон хуб аст, бодиққат гӯш карда, ҳамон лаҳза аз адабиёти худ матни хондашудаистодаро нигоҳ кунанд. Бо овози паст калимаҳоро такрор кардан низ ба шахс барои беҳтар кардани хониш кӯмак хоҳад расонд. Инчунин дар баъзе давлатҳо пирон метавонанд дар ҷамъомадҳо дарсҳои хониш ташкил диҳанд. Ин маслиҳатҳои амалӣ ба мо ёрӣ мерасонанд, то ки ба шахсоне, ки хонишашон суст аст, барои фаҳмидани Навиштаҳои Муқаддас кӯмак расонем. Зеро онҳо метавонанд барои наҷот ёфтан аз Навиштаҳо хирад омӯзанд (2 Тим. 3:15).