Оё шумо доираи хидмататонро васеъ карда метавонед?
1. Кадом кори муҳим бояд тезонида шавад ва чаро?
1 Вақте Исо дид, ки одамони зиёд ба хушхабари Салтанат хеле шавқ доранд, ӯ ба шогирдонаш чунин гуфт: «Аз Соҳиби дарав илтимос кунед, ки ба дарави Худ коргар фиристонад» (Мат. 9:37, 38). Азбаски дарави рамзӣ ба охир расида истодааст, имрӯз назар ба пештара тезонидани кори мавъиза муҳимтар аст. Барои ҳамин мо барои дар хидмат боз ҳам бештар иштирок намудан, бояд бо дуо андеша кунем (Юҳ. 14:13, 14).
2. Баъзеҳо барои васеъ намудани доираи хидмати худ чӣ кор карданд?
2 Васеъ намудани доираи хидмат. Бисёр воизон бо роҳбарӣ ва кӯмаки Яҳува тавонистанд, ки чун пешрав хидмат кунанд (Заб. 25:2, 3; Фил. 4:6). Масалан, баъзеҳо кӯшиши махсус ба харҷ доданд, то ки дар давоми сол як ё як чанд моҳ чун пешрави ёвар хидмат кунанд. Ин ба онҳо имкон дод, ки доираи хидматашонро васеъ гардонанд. Чун пешрави ёвар хидмат кардан, ба онҳо чунон хурсандии зиёд овард, ки бисёрии онҳо хоҳиши пешрави доимӣ шуданро пайдо карданд (Аъм. 20:35).
3. Шахсе, ки пеш чун пешрав хидмат карда буд, ҳоло дар бораи чӣ фикр карда метавонад?
3 Оё шумо боз аз нав чун пешрав хидмат карда метавонед? Агар шумо пеш чун пешрав хидмат карда бошед, бешубҳа он рӯзҳоро ба хубӣ ба ёд меоред. Оё шумо барои ба қатори пешравон баргаштан бо дуо фикр кардаед? Аз сабаби вазъияте, ки шумо хидмати пешравиро бас карда будед, ҳоло шояд он тағйир ёфтааст ва шумо метавонед ин хидмати пурбаракатро аз нав сар кунед (1 Юҳ. 5:14, 15).
4. Ҳамаи мо дар кадом кори муҳим иштирок карда метавонем?
4 Дарави рамзӣ имрӯз дар авҷ аст ва он ба қарибӣ ба анҷом мерасад (Юҳ. 4:35, 36). Бигзор ҳар яки мо шароитамонро санҷида, муайян созем, ки оё мо метавонем дар рӯзгорамон дигаргуние дарорем, то ки дар хидмат бештар иштирок кунем. Ё агар дар ҳақиқат доираи хидматамонро васеъ карда натавонем, оё мо метавонем онро самаранок гардонем? (Марқ. 12:41–44). Чӣ баракатест барои онҳое ки метавонанд дар кори мавъиза, бо Яҳува ҳамкорӣ кунанд! (Заб. 109:3).