ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 7.09 саҳ. 3
  • Яҳуваро ҳар рӯз ҳамду сано гӯед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Яҳуваро ҳар рӯз ҳамду сано гӯед
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2009
  • Маводи монанд
  • Яҳува — Худои моро ҳамд гӯед!
    Ба Яҳува бисароед
  • Яҳува — Худои моро, ҳамд гӯед!
    Ба Яҳува бо шодӣ бисароед
  • Номи Яҳуваро ситоиш кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
Хизмат ба Салтанати Худо 2009
km 7.09 саҳ. 3

Яҳуваро ҳар рӯз ҳамду сано гӯед

1. Ходимони Худо ба чӣ барангехта мешаванд ва чаро?

1 Шоҳ Довуд «ҳар рӯз» ва ҳатто то абад мехост Яҳуваро ҳамду сано гӯяд (Заб. 144:2, 7, 21). Мо низ барои ҳар рӯз Яҳуваро ҳамду сано гуфтан, сабабҳои зиёд дорем (Заб. 36:10; 144:14, 18; 2 Пет. 3:13).

2. Барои бо аҳли оила ҳар рӯз Яҳуваро ҳамду сано гуфтан, кадом имкониятҳо вуҷуд доранд?

2 Дар хона. Мо барои дар мавзӯъҳои рӯҳонӣ сӯҳбатҳои пурмазмун доштан ҳангоми ибодати оилавӣ, ё муҳокимаи ояти ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас, ё вақте ки ба вохӯрии ҷамъомад тайёрӣ мебинем, адабиёти зиёд дорем. Бисёр оилаҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳар рӯз ақаллан як бор сари дастархон ҷамъ оянд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки оромона ва бесаросемагӣ бо ҳам сӯҳбат карда, Яҳуваро ҳамду сано гӯянд. Ин гуна сӯҳбатҳои озод ба волидон барои фарзандонро «дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия» кардан, кӯмак мерасонад (Эфс. 6:4; Такр. Ш. 6:5–7).

3. Ҳангоми сӯҳбат бо бародарону хоҳарон, мо чӣ имкониятҳо дорем?

3 Ҳангоми сӯҳбат бо ҳамимонон. Ҳангоми мавъиза ё ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф овардан, мо имконияти хубе дорем, ки бо бародарону хоҳаронамон Яҳуваро ҳамду сано гӯем (Мас. 15:30; Фил. 4:8; Ибр. 13:15). Азбаски ҳамаи мо Яҳуваро дӯст медорем, ба мо душвор нест, ки ҳангоми сӯҳбат бо ҳамдигар, миннатдории самимиамонро барои некиҳои Яҳува изҳор кунем (Заб. 105:1).

4. Дар кадом мавридҳо мо метавонем Яҳуваро ҳамду сано гӯем?

4 Ҳангоми сӯҳбат бо одамон. Шояд шароитамон имкон надиҳад, ки мо ҳар рӯз дар мавъиза иштирок кунем. Лекин бо ҳамкорон, ҳамсинфон ва одамони атроф дар бораи Яҳува ва ниятҳои Ӯ кӯтоҳ сӯҳбат кардан, метавонад ба одамони самимӣ умед бахшад (Заб. 26:14; 1 Пет. 3:15). Масалан, хоҳаре дар тайёра ба зани дар паҳлӯяш нишаста мавъиза кард. Он зан аз шунидани суханони хоҳар чунон тасаллӣ ёфт ва рӯҳбаланд гардид, ки суроғаи хона ва рақами телефони худро ба ӯ дод, то ки сӯҳбаташонро давом диҳанд. Нигоҳ накарда ба он ки вазъияти ҷаҳон бадтар шуда истодааст, халқи Яҳува ба онҳое ки гӯш кардан мехоҳанд «аз некӣ башорат» доданро давом медиҳад. Ин ба одамон умед мебахшад ва онҳоро бармеангезад, ки Яҳуваро ҳамду сано гӯянд (Иш. 52:7; Рум. 15:11).

5. Чаро мо мехоҳем, ки Яҳуваро ҳамду сано гуем ва ин бо худ чӣ меорад?

5 То чӣ ҳад Яҳува аз он ки ходимонаш ҳар рӯз Ӯро ҳамду сано мегӯянд, хурсанд аст! Мо низ метавонем Яҳуваро ба монанди офаридаҳои намоёнаш, ки моро иҳота мекунанд, ҳар рӯз ҳамду сано гӯем. Мо метавонем дар хона, дар ҷамъомад ва ҳамчунин ҳангоми сӯҳбат бо онҳое ки ҳоло ба Яҳува хидмат намекунанд, Ӯро ҳамду сано гӯем (Заб. 18:2–5).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан