Оё шумо чашматонро «оддӣ» нигоҳ медоред?
1. Чашмро «оддӣ» нигоҳ доштан чӣ маъно дорад?
1 Ба ҳар чизе ки мо диққатамонро равона мекунем, он ба рафторамон таъсир мекунад. Пас то чӣ андоза бамавриданд суханони зерини Исо: «Агар чашмат солим [«оддӣ», ТДН ] бошад, тамоми баданат равшан хоҳад буд»! (Мат. 6:22). Агар чашми мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ «оддӣ» бошад, диққати мо ба як чиз, яъне ба иҷро кардани иродаи Худо равона мешавад. Мо кори Салтанатро дар ҷои аввал мегузорем ва роҳ намедиҳем, ки чизҳои моддии нолозим ва корҳои камаҳамият ба хизмати мо халал расонанд.
2. Чӣ метавонад ба мо барои «оддӣ» нигоҳ доштани чашм халал расонад, вале дар ин чӣ кӯмак карда метавонад?
2 Худтафтишкунӣ лозим аст. Имрӯз реклама моро бовар мекунонад, ки ин ё он чиз ба мо зарур аст, ё он чизе, ки дигарон доранд, метавонад ба мо таъсир кунад. Ҳамаи ин барои «оддӣ» нигоҳ доштани чашм халал расонда метавонад. Пеш аз бо коре машғул шудан ё чизеро харидан, ки вақт, қувват ва пули зиёдро металабад, хуб мебуд, ки «аввал нишаста харҷи онро ҳисоб» кунем ва аз худ пурсем: «Оё ин хизмати маро беҳтар мегардонад ё ба он халал мерасонад?» (Луқ. 14:28; Фил. 1:9–11). Инчунин, бохирадона мебуд, ки вақт аз вақт дар бораи оддитар гардондани ҳаётамон мулоҳиза ронем, то ки дар хизмат бештар иштирок кунем (2 Қӯр. 13:5; Эфс. 5:10).
3. Аз намунаи хоҳаре, ки ҳаёташро оддӣ гардонд, мо чиро меомӯзем?
3 Вақте ки як хоҳар чун пешрави доимӣ хизмат карданро сар намуд, ӯ қарор кард, ки рӯзи пурра кор карданро давом медиҳад, ҳарчанд метавонист нимрӯз кор карда, худро пурра таъмин намояд. Оқибат ӯ ба чунин хулоса омад: «Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад. Ба ман лозим омад, ки барои таъмин кардани он чизе ки дар ҳақиқат муҳим буд, аз хоҳишҳоям даст кашам. Ман фаҳмидам, ки чизҳои моддӣ бо мурури вақт кӯҳна мешаванд ва аз паи онҳо давида, ман худро хаста мекунаму халос». Шароити хоҳар ба ӯ имконият дод, ки ба ҳаёташ тағйирот дароварда, онро оддӣ гардонад. Вай ҷои корашро иваз кард ва чун пешрав хизматашро давом дод.
4. Чаро хусусан имрӯз мо бояд чашмамонро «оддӣ» нигоҳ дорем?
4 Азбаски имрӯз вақт кам мондааст, чашмро «оддӣ» нигоҳ доштан боз ҳам муҳимтар аст. Ҳар як рӯзи гузаштаистода моро ба поёни ин тартибот ва оғози дунёи нави Худо наздиктар мегардонад (1 Қӯр. 7:29, 31). Диққатамонро ба кори мавъиза равона карда, мо ҳам худамон ва ҳам шунавандагонамонро наҷот медиҳем (1 Тим. 4:16).