Замимаи саволҳо
◼ Бо омӯзандаи фаъоли Китоби Муқаддас чанд вақт омӯзиш гузарондан лозим аст?
Хуб мебуд, ки бо омӯзандагони фаъоли Китоби Муқаддас ду китоби зеринро пурра гузаред: «Таълимоти Китоби Муқаддас» ва «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред». Ҳамчунин бо омӯзандае, ки ин китобҳоро тамом накарда таъмид гирифтааст, омӯзишро давом додан лозим аст. Баъд аз таъмиди ӯ мо минбаъд низ соат, боздид ва омӯзишро дар ҳисоботамон навишта метавонем. Агар воизе ба мо дар омӯзиш ҳамроҳ шуда, дар муҳокима иштирок кунад, ӯ низ метавонад вақтро нависад. Ба «Хизмат ба Салтанати Худо», моҳи марти с. 2009, саҳ. 2 нигаред.
Пеш аз он ки бо омӯзандагон омӯзишро бас кунем, муҳим аст, ки онҳо таҳкурсии хуби ҳақиқатро дошта бошанд. Ба онҳо лозим аст, ки дар Масеҳ «реша давонда... дар имон мустаҳкам» шаванд, то ки дар озмоишҳояшон истодагарӣ карда тавонанд (Қӯл. 2:6, 7; 2 Тим. 3:12; 1 Пет. 5:8, 9). Ғайр аз ин, барои он ки онҳо дигаронро босифат таълим дода тавонанд, бояд аввал худашон «ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:4). Ин ду китобро тамом карда, мо ба онҳо ёрӣ мерасонем, ки бо «роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад» бо боварӣ равона шаванд (Мат. 7:14).
Пеш аз он ки пирон ба таъмид гирифтани омӯзанда розигӣ диҳанд, ба онҳо боварӣ ҳосил кардан лозим аст, ки оё ӯ таълимоти асосии Китоби Муқаддасро хуб мефаҳмад ва аз рӯи онҳо зиндагӣ мекунад. Ба пирон лозим аст, ки пеш аз розигӣ додан махсусан нисбати онҳое бодиққат бошанд, ки ҳоло китоби якумро тамом накардаанд. Агар омӯзанда ба таъмид тайёр набошад, барои гирифтани кӯмаки зарурӣ пирон ба ӯ ғамхорӣ мекунанд, то ки дар оянда барои таъмид гирифтан тайёр бошад. Ба китоби «Созмоншудагон» (рус.), аз сархати охири саҳ. 216 то саҳ. 218 нигаред.
[Tасвир дар саҳифаи 2]
Пеш аз он ки бо омӯзандагон омӯзишро бас кунем, муҳим аст, ки онҳо таҳкурсии хуби ҳақиқатро дошта бошанд