Ҳамдарду меҳрубон бошед
1. Имрӯз одамон ба чӣ сахт мӯҳтоҷанд?
1 Аз пештара дида, имрӯз одамон ба ҳамдардӣ сахт мӯҳтоҷанд. Дар натиҷаи бад шудани вазъияти ҷаҳон, бисёр одамон худро бадбахту ноумед ҳис мекунанд ва дар депрессия мебошанд. Миллионҳо одамон ба кӯмак мӯҳтоҷанд ва мо чун масеҳиён вазифадорем, ки ба онҳо ғамхории самимиамонро зоҳир созем (Мат. 22:39; Ғал. 6:10). Чӣ тавр мо ғамхориамонро нишон дода метавонем?
2. Беҳтарин роҳи зоҳир кардани ҳамдардӣ кадом аст?
2 Роҳи беҳтарини зоҳир кардани ҳамдардӣ. Тасаллои ҳақиқиро ғайр аз Худо дигар ҳеҷ кас дода наметавонад (2 Қӯр. 1:3, 4). Яҳува моро бармеангезад, ки аз Ӯ ибрат гирифта ҳамдардиву дилсӯзӣ зоҳир кунем ва Ӯ ба мо вазифа додааст, ки хушхабари Салтанатро ба одамон мавъиза кунем (1 Пет. 3:8). Тарзи беҳтарини тасалло додани «шикастадилон» ин иштироки фаъолона дар кори мавъиза мебошад, зеро барои инсонияти азияткашида Салтанати Худо ягона умед аст (Иш. 61:1). Яҳува аз рӯи ҳамдардӣ нисбати халқаш ба қарибӣ бадиро нест мекунад ва дунёи нави боадолатонаро барпо менамояд (2 Пет. 3:13).
3. Чӣ тавр мо мисли Исо ба одамон муносибат карда метавонем?
3 Мисли Исо ба одамон муносибат кунед. Ҳатто ҳангоми ба анбӯҳи зиёди одамон мавъиза кардан, Исо на танҳо ба онҳо чун ба гурӯҳи одамон менигарист. Вай ҳар як одамро ба назар гирифта, дар бораи онҳо чун ба шахсе ки барои инкишоф додани муносибати наздик бо Худо ниёз дорад, фикр мекард. Онҳо мисли гӯсфандони бе чӯпон буданд ва Исо инро дида дилаш месӯхт. Барои ҳамин ӯ онҳоро босаброна таълим медод (Марқ. 6:34). Аз Исо ибрат гирифта, мо барангехта мешавем, ки ба ҳар як шахс ҳамдардии самимиро зоҳир созем. Чунин муносибат дар оҳанги овоз ва қиёфаи рӯямон дида мешавад. Мавъиза барои мо кори аз ҳама муҳим хоҳад буд ва мо ҳангоми сӯҳбат кардан мушкилиҳои ҳар як шахсро ба назар хоҳем гирифт (1 Қӯр. 9:19–23).
4. Чаро мо хислати ҳамдардиро бояд дар бар кунем?
4 Анбӯҳи бузурги одамон аз ҳамаи миллатҳо паёми Салтанатро бо хурсандӣ қабул карда истодаанд. Ва диққати махсусе, ки ба онҳо зоҳир карда мешавад, барои қабул кардани хушхабар мусоидат мекунад. Агар дар бар кардани хислати ҳамдардиву меҳрубониро давом диҳем, мо Худои ҳамдард, Яҳуваро, хурсанд мекунем ва ҷалол медиҳем (Қӯл. 3:12).