Оё шумо аз Яҳува ҳар чизи аз дастатон меомадаро омӯхта истодаед?
1. Яҳува ба таълимгирӣ чӣ гуна назар дорад?
1 Яҳува, Муаллими Бузурги мо, мехоҳад, ки мо маълумотнок бошем (Иш. 30: 20). Ӯ таълимдиҳиро баъд аз офарида шудани Писари нахустзодааш сар кард (Юҳ. 8:28). Ҳатто баъди исёни Одам Яҳува таълимдиҳиро бас накард, Ӯ то ҳол аз муҳаббат ба инсонияти гунаҳкор дастурот медиҳад (Иш. 48:17, 18; 2 Тим. 3:14, 15).
2. Кадом барномаи таълимдиҳӣ ҳозир гузаронида шуда истодааст?
2 Имрӯз Яҳува барномаи таълимдиҳии дар таърихи инсоният бузургро роҳбарӣ мекунад. Чӣ тавре ки Ишаъё пешгӯӣ кард, миллионҳо одамони тамоми рӯи замин сӯи «кӯҳи [рамзии] хонаи Худованд» равонаанд (Иш. 2:2). Барои чӣ мо бояд сӯи «кӯҳи хонаи Худованд» равона шавем? Барои он ки роҳҳои Худоро биомӯзем, бале, то ки аз Яҳува таълим гирем! (Иш. 2:3). Дар давоми соли хизматии 2010 Шоҳидони Яҳува 1,6 миллиард соатро барои шаҳодатдиҳӣ ва ба одамон таълим додани ҳақиқати Китоби Муқаддас сарф карданд. Беш аз ин, ҳар ҳафта дар зиёда аз 105 000 ҷамъомадҳои рӯи замин таълимоти рӯҳонӣ пешкаш карда мешавад ва адабиётҳои масеҳӣ тавассути ғуломи мӯътамад ва доно барои таълимдиҳӣ пешбинӣ мешаванд. Ин адабиётҳо ба беш аз 500 забонҳо чоп мешаванд.
3. Шахсан шумо аз таълимдиҳии Яҳува чӣ манфиате гирифтед?
3 Манфиати пурра гиред. Мо аз таълимоти рӯҳонӣ манфиати зиёд гирифтем. Масалан, мо дар бораи номи Худо ва дар бораи он ки Ӯ ба мо ғамхорӣ мекунад, фаҳмидем (Хур. 3:14, Замимаи Китоби Муқаддас, саҳ. 5; 1 Пет. 5:6, 7). Мо ба баъзе аз саволҳои муҳимтарини ҳаётамон ҷавоб ёфтем, масалан: чаро одамон ранҷу азоб мекашанд ва мемиранд? Чӣ тавр хушбахтии ҳақиқиро ёфта метавонам? Мақсади ҳаёт дар чист? Яҳува ҳамчунин ба мо дар мавриди ахлоқ ҳидояту роҳнамоӣ медиҳад, то ба туфайли он мо «дар роҳҳои худ комёб» шавем (Еҳ. 1:8).
4. Баъзе аз таҳсили махсусе, ки ба ходимони Яҳува дастрасанд, кадоманд ва чаро мо бояд ҳар чизи аз дастамон меомадаро аз Яҳува омӯзем?
4 Илова бар ин, Яҳува таҳсили махсусро пешкаш мекунад, то баъзе аз ходимонаш доираи хизматашонро васеъ гардонанд. Дар саҳифаҳои 4–6 имкониятҳоеро, ки барои баъзеҳо дастрасанд, дидан мумкин аст. Ҳатто агар вазъияти мо ба гирифтани чунин таълими махсус имкон надиҳад ҳам, оё мо аз таълимоти рӯҳоние, ки бароямон дастрас аст, пурра истифода мебарем? Имрӯз ҷавононро зуд–зуд муаллимонашон ва дигарон ташвиқ мекунанд, ки маълумоти олӣ гиранд. Оё мо онҳоро бармеангезем, ки ба ҷои ин сӯи мақсадҳои рӯҳонӣ шитоб кунанд ва соҳиби маълумоти олитарин — маълумоти рӯҳонӣ шаванд? Агар мо ҳар чизи аз дастамон меомадаро аз Яҳува омӯзем, ин ба мо кӯмак мекунад, ки ҳам ҳоло ва ҳам дар ояндаи абадӣ аз ҳаёти хушбахтона баҳра барем (Заб. 118:105; Юҳ. 17:3).
Баъзе аз роҳҳои таълимгирӣ, ки ташкилоти Яҳува пешкаш мекунад
Курсҳои хату саводомӯзӣ
• Мақсад. Ба одамон ёд додани хондану навиштан, то ки онҳо тавонанд омӯзиши шахсӣ гузаронанд ва ба дигарон ҳақиқатро таълим диҳанд.
• Давомнокӣ. Вобаста аз ниёзҳо.
• Ҷой. Толори Салтанати маҳаллӣ.
• Кӣ ташриф оварда метавонад. Ҳамаи воизон ва шавқмандон.
• Чӣ тавр дар ин курс иштирок кардан мумкин аст. Пирони ҷамъомад аз рӯи ниёзҳои маҳаллӣ курсҳои хату саводомӯзиро ташкил медиҳанд ва ҳамаи онҳоеро, ки ба ин курс ниёз доранд, ташвиқ мекунанд, ки дар он иштирок кунанд.
Мактаби таълими мавъиза
• Мақсад. Таълим додани воизон то ки онҳо ба таври самаранок хушхабарро мавъиза кунанд ва таълим диҳанд.
• Давомнокӣ. Пайваста.
• Ҷой. Толори Салтанати маҳаллӣ.
• Кӣ худро дар он нависонда метавонад. Ҳамаи воизон. Ҳамчунин касоне, ки ба ҳамаи вохӯриҳо ташриф меоранд, бо таълимоти Китоби Муқаддас розианд ва мувофиқи принсипҳои масеҳӣ зиндагӣ мекунанд.
• Чӣ тавр дар ин мактаб худро нависондан мумкин аст. Бо нозири Мактаби таълими мавъиза маслиҳат кунед.
Курсҳои забони хориҷӣ
• Мақсад. Ба воизон таълим додани забон бо мақсади он ки ба он забон мавъиза кунанд.
• Давомнокӣ. Чор ё панҷ моҳ. Курс одатан саҳари рӯзи шанбе дар давоми як ё ду соат мегузарад.
• Ҷой. Одатан дар ягон Толори Салтанат мегузарад.
• Кӣ дар ин курс иштирок карда метавонад. Воизоне, ки обрӯву эътибори хуб доранду ба забони дигар мавъиза кардан мехоҳанд.
• Чӣ тавр дар ин курс худро нависондан мумкин аст. Курс аз тарафи филиал бо назардошти ниёзҳо ташкил мешавад.
Сохтмони Толори Салтанат
• Мақсад. Сохтмон ва таъмири Толорҳои Салтанат. Ин мактаб нест, лекин дар давоми ин барнома ба ихтиёриён чизҳои зиёде ёд дода мешавад, ки дар барномаи сохтмонӣ даркор аст.
• Давомнокӣ. Вобаста аз шароиту вазъияти ихтиёриён.
• Ҷой. Ҳар ҷое ки ба Кумитаи минтақавӣ оид ба сохтмон таъин шудааст. Баъзе ихтиёриён ба корҳои ёрирасонӣ дар маҳалҳои дурдасте, ки зарар дидаанд, даъват карда мешаванд.
• Талабот. Бародарону хоҳарон бояд таъмидёфта бошанд ва ба иштироки онҳо дар сохтмони Толорҳои Салтанат ҳайати пирон розигӣ диҳад. Онҳо метавонанд соҳиби ягон ҳунар бошанд ё набошанд.
• Чӣ тавр дар ин барнома иштирок кардан мумкин аст. «Аризаи шахси ихтиёрӣ барои иштирок дар Барномаи сохтмони Толорҳои Салтанат» (А-25 [рус.])–ро аз пирони маҳаллӣ гирифта пур кардан лозим аст.
Мактаби пешравон
• Мақсад. Кӯмак ба пешравон барои пурра иҷро кардани хизматашон (2 Тим. 4:5).
• Давомнокӣ. Ду ҳафта.
• Ҷой. Қарори филиал; одатан дар ягон Толори Салтанат мегузарад.
• Талабот. Касоне, ки камаш як сол чун пешрав хизмат кардаанд.
• Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Ҳамаи пешравоне, ки ба талабот мувофиқат мекунанд, дар ин мактаб нависонда мешаванд. Нозири ноҳиявӣ онҳоро хабардор мекунад.
Мактаб барои онҳое, ки хизмати Байт–Илро сар мекунанд
• Мақсад. Ин мактаб ба ходимони нави Байт–Ил кӯмак мекунад, ки дар хизмати худ бомуваффақият бошанд.
• Давомнокӣ. Дар давоми шонздаҳ ҳафта яксоатӣ ҳар ҳафта гузаронида мешавад.
• Ҷой. Байт–Ил.
• Талабот. Шахс бояд аъзои доимии оилаи Байт–Ил бошад ё дар мӯҳлати дароз (як сол ё бисёртар) дар он ҷо чун ихтиёрии муваққатӣ хизмат кунад.
• Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Ҳамаи ходимони Байт–Ил, ки ба талабот мувофиқат мекунанд, ба ин мактаб нависонда мешаванд.
Мактаби хизмат ба Салтанати Худо
• Мақсад. Ба пирон ва ходимони ёвар таълим дода мешавад, то ки онҳо аз ӯҳдаи назорат кардани ҷамъомад ва дигар корҳои бо ҷамъомад алоқаманд бароянд (Аъм. 20:28). Ин мактаб аз рӯи қарори Ҳайати роҳбарикунанда дар ҳар як чанд сол гузаронида мешавад.
• Давомнокӣ. Солҳои охир он барои пирон дар давоми якуним рӯз мегузарад ва барои ходимони ёвар дар давоми як рӯз.
• Ҷой. Одатан дар яке аз Толорҳои Салтанат ё Толори анҷуманҳо мегузарад.
• Талабот. Шахс бояд пир ё ходими ёвар бошад.
• Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Пирон ва ходимони ёвар, ки ба талабот мувофиқат мекунанд, аз тарафи нозири ноҳиявӣ даъват карда мешаванд.
Мактаб барои пирони ҷамъомад*
• Мақсад. Кӯмак ба пирон, то ки онҳо аз ӯҳдаи масъулиятҳои дар ҷамъомад доштаашон бароянд.
• Давомнокӣ. Панҷ рӯз.
• Ҷой. Қарори филиал; одатан дар яке аз Толорҳои Салтанат ё Толори анҷуманҳо мегузарад.
• Талабот. Шахс бояд пири ҷамъомад бошад.
• Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Пироне, ки ба талабот мувофиқат мекунанд, аз тарафи филиал даъват карда мешаванд.
Мактаб барои ходимони сайёр ва занони онҳо*
• Мақсад. Кӯмак ба нозирони ноҳиявӣ ва вилоятӣ, то ки онҳо дар ҷамъомадҳо самараноктар хизмат кунанд, «дар ваъз ва таълим меҳнат» кунанд ва ба онҳое, ки зери назораташон қарор доранд, чӯпонӣ кунанд (1 Тим. 5:17; 1 Пет. 5:2, 3).
• Давомнокӣ. Ду моҳ.
• Ҷой. Қарори филиал.
• Талабот. Шахс бояд нозири ноҳиявӣ ё вилоятӣ бошад.
• Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Нозири сайёре, ки ба талабот мувофиқат мекунад ва ҳамсари ӯ аз тарафи филиал даъват карда мешаванд.
Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои бародарони безан*
• Мақсад. Барои иҷрои масъулиятҳои иловагӣ тайёр кардани пирон ва ходимони ёваре, ки оиладор нестанд. Аксарияти хатмкунандагон ба он ҷамъомадҳои мамлакаташон, ки он ҷо ба кӯмак ниёз ҳаст, таъин мешаванд. Баъзеҳо ба мамлакатҳои дигар таъин карда мешаванд, агар онҳо ба ин розӣ бошанд.
• Давомнокӣ. Ду моҳ.
• Ҷой. Қарори филиал; одатан дар яке аз Толорҳои Салтанат ё Толори анҷуманҳо мегузарад.
• Талабот. Бародарони муҷарради аз 23 то 62–сола, ки саломатии хуб доранд ва хоҳиш доранд, ки дар куҷое ки набошад ба бародарон ва манфиатҳои Салтанат хизмат кунанд (Марқ. 10:29, 30). Онҳо бояд камаш ду сол пайваста чун пир ё ходими ёвар хизмат карда бошанд.
• Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Агар ин мактаб дар территорияи филиали шумо бошад, дар анҷумани ноҳиявӣ барои хоҳишмандон вохӯрӣ гузаронида мешавад. Маълумоти иловагӣ дар ин вохӯрӣ дода мешавад.
Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои ҷуфтони масеҳӣa
• Мақсад. Ба ҷуфти ҳамсарон додани таълими махсус, то ки онҳо ба Яҳува ва ташкилоти Ӯ бештар хизмат кунанд. Аксарияти хатмкунандагон ба он ҷамъомадҳои мамлакаташон, ки он ҷо ба кӯмак ниёз ҳаст, таъин мешаванд. Баъзеҳо ба мамлакатҳои дигар таъин карда мешаванд, агар онҳо ба ин розӣ бошанд.
• Давомнокӣ. Ду моҳ.
• Ҷой. Синфҳои аввал дар Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ дар Паттерсон (Ню–Йорк, ИМА) гузаронида мешаванд. Баъдтар, ин мактаб дар ҷойҳое гузаронида мешавад, ки филиал таъин мекунад, одатан дар яке аз Толори анҷуманҳо ё Толорҳои Салтанат.
• Талабот. Ҷуфтҳои масеҳии аз 25 то 50 сола, ки саломатии хуб доранд ва шароиташон мегузорад, ки дар куҷое, ки ниёз ҳаст, хизмат кунанд. Онҳо бояд чунин рӯҳия зоҳир кунанд: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист» (Иш. 6:8). Ҳамчунин онҳо бояд камаш ду сол оиладор бошанд ва камаш ду сол пайваста чун ходимони пурравақт хизмат карда истода бошанд.
• Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Агар ин мактаб дар территорияи филиали шумо бошад, дар анҷумани махсуси якрӯза барои хоҳишмандон вохӯрӣ гузаронида мешавад. Маълумоти иловагӣ дар ин вохӯрӣ дода мешавад.
Мактаби бар Навиштаҳо асосёфтаи Ҷилъод
• Мақсад. Пешравон ё дигар ходимони пурравақтро барои хизмати миссионерӣ тайёр мекунанд.
• Давомнокӣ. Панҷ моҳ.
• Ҷой. Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Паттерсон (Ню–Йорк, ИМА).
• Талабот. Аз таъмид гирифтани ҷуфтони масеҳӣ бояд се сол гузашта бошад ва дар вақти бори аввал пур кардани ариза синнашон аз 21 то 38 бошад. Ҳамчунин онҳо бояд забони англисиро донанд, камаш ду сол оиладор бошанд ва камаш ду сол пайваста чун ходимони пурравақт хизмат карда истода бошанд. Хоҳишмандон бояд саломатии хуб дошта бошанд. Пешравоне, ки дар мамлакати дигар хизмат мекунанд (аз он ҷумла онҳое, ки статуси миссионерӣ доранд), нозирони сайёр, аъзоёни оилаи Байт–Ил ва хатмкунандагони Мактаб барои ходимони ҷамъомад, Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои бародарони безан ва Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои ҷуфтони масеҳӣ низ, агар ба талабот мувофиқат кунанд аризаро пур карда метавонанд.
• Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Дар территорияи филиалҳои интихобшуда дар анҷумани вилоятӣ барои хоҳишмандон вохӯрӣ гузаронида мешавад. Маълумоти иловагӣ дар ин вохӯрӣ дода мешавад. Агар дар анҷумани вилоятии мамлакати шумо чунин вохӯрӣ гузаронида нашавад, шумо метавонед ба филиали худ нависед ва маълумоти бештар гиред.
Мактаб барои аъзоёни Кумитаи филиал ва занони онҳо
• Мақсад. Ба аъзоёни Кумитаи филиалҳо ёрӣ дода мешавад, то онҳо ба корҳои хонаи Байт–Ил ва дар бораи корҳои бо хизмат ва ҷамъомадҳо алоқаманд нағзтар ғамхорӣ кунанд ва ба ноҳияҳо ва вилоятҳои территорияи ба онҳо тааллуқдошта назорат кунанд. Ҳамчунин ба онҳо таълим дода мешавад, ки дар бораи тарҷума, чоп ва ба ҷамъомадҳо расонида шудани адабиёт ва оиди шӯъбаҳои гуногун ғамхорӣ кунанд (Луқ. 12:48б).
• Давомнокӣ. Ду моҳ.
• Ҷой. Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Паттерсон (Ню–Йорк, ИМА).
• Талабот. Шахс бояд аъзои Кумитаи филиал ё Кумитаи мамлакат бошад ва ё барои чунин масъулият таъин карда шавад.
• Чӣ тавр дар ин мактаб иштирок кардан мумкин аст. Бародароне, ки ба талабот мувофиқат мекунанд ва занони онҳо аз тарафи Ҳайати роҳбарикунанда даъват карда мешаванд.
[Эзоҳҳо]
a Ин мактаб ҳоло на дар ҳама мамлакатҳо ҳаст.