Ин адабиёт дар кадом ҳолат аст?
Ин саволро нисбати ҳамаи адабиёте, ки мо дар хизмат пешкаш кардан мехоҳем, додан хуб аст. Чизи қатшуда, рангпарида, чиркин ё даридагӣ обрӯву эътибори ташкилотамонро паст мекунад ва диққати соҳибхонаро аз хушхабари наҷотбахше, ки он адабиёт дар бар мегирад, дур мекунад.
Чӣ тавр мо адабиётамонро тозаву озода нигоҳ дошта метавонем? Баъзеҳо дар сумкаи худ чизҳои ба ҳамдигар монандро якҷоя мемонанд. Масалан, онҳо китобҳо, маҷаллаҳо, брошураҳо, рисолаҳо ва ғайраҳоро дар қаторҳои алоҳида мегузоранд. Онҳо Китоби Муқаддас ва адабиёти ҳангоми мавъиза истифодабурдаашонро эҳтиёткорона ба сумка мегузоранд, то ки онро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд. Баъзе воизон адабиёти худро дар папкаҳо ё халтачаҳои полиэтиленӣ нигоҳ медоранд. Новобаста аз он ки кадом тарзро истифода мебарем, мо намехоҳем, ки ягон кас аз сабаби он ки мо адабиёти дар ҳолати бад бударо медиҳем, дар хизмати мо камбудие ёбад (2 Қӯр. 6:3).