«Аҷоиботи офариниш Худоро ҷалол медиҳад»
Бисёриҳо аз тамошои офаридаҳо ҳаловат мебаранд. Аммо ҳангоми тамошои офаридаҳо қисми ками одамон фикр ва ҳиссиёти Офаридгори Бузургамонро дарк мекунанд (Рум. 1:20). Дар замонҳои пеш, Довуд аз Каломи илҳомбахшида дар бораи Яҳува фаҳмида буд. Аммо ӯ ҳамчунин ба воситаи офаридаҳо Худоро “медид” ва ба Ӯ наздик мешуд (Заб. 8:4, 5). Видеофилми «Аҷоиботи офариниш Худоро ҷалол медиҳад» ҳам ба худамон, фарзандонамон ва ҳам ба омӯзандагони Китоби Муқаддас ёрдам мекунад, ки бо баъзе офаридаҳои Яҳува аз наздик шинос шуда, хислат ва шахсияти Офаридгори Бузургамонро дарк намоем ва дар натиҷа ба Ӯ наздик шавем. Баъди тамошои филм худро бисанҷед, ки оё ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед:
1) Чӣ тавр ҳаҷми коинот ва тартибу низом байни ҷирмҳои осмонӣ миннатдоримонро ба Яҳува зиёд мегардонанд? (Иш. 40:26) 2) Вақте ки мо оиди хусусияти об фикру мулоҳиза мекунем, мо дар бораи Офаридгор чиро мефаҳмем? (Ваҳй 14:7). 3) Чӣ тавр ҳаҷми замин ва масофаи байни замину офтоб аз хиради Яҳува шаҳодат медиҳад? 4) Моҳ бо кадом мақсад офарида шудааст? (Заб. 88:38). 5) Чӣ тавр Яҳува одамонро офарид, то онҳо аз ҳаёт хурсандӣ гиранд? 6) КДН (ДНК) чист? (Заб. 138:16). 7) Одамон аз дигар офаридаҳои заминӣ чӣ фарқ доранд? (Ҳас. 1:26). 8) Шумо дар дунёи нави омадаистода чиро сахт интизоред?
Аҷоиботи дигар: 9) Рангҳо чӣ хел пайдо мешаванд? 10) Чӣ тавр об ба таъсири қувваи ҷозибаи замин нигоҳ накарда, то ба шохаҳои дарахт рафта мерасад? 11) Об дар организми инсон кадом нақшро мебозад? 12) Мисолҳое оред, ки организмҳои зинда байни ҳам вобастагии зич доранд. 13) Чунин ҳамкории офаридаҳо аз куҷо сарчашма мегирад? 14) «Кунҷи тиллоӣ» чист ва он чӣ тавр дар офаридаҳо аён аст?
Ба амали дастҳои Яҳува бодиққат нигоҳ кунед. Исо моро чунин барангехт: «Ба мурғони ҳаво нигоҳ кунед... ва... ба савсанҳои саҳро назар кунед» (Мат. 6:26, 28). Чунин мушоҳидакунӣ имонамонро қавитар ва бовариамонро нисбати Офаридгор зиёдтар мегардонад. Ҳамчунин барои хираду қудрати наҷотдиҳандаву муҳаббати Худо миннатдориамон бештар мегардад. Ба ҷои бо корҳои дунё аз ҳад зиёд овора шудан, беҳтараш барои мушоҳида кардани офаридаҳои аҷоиби Яҳува вақту кӯшишатонро равона созед ва мулоҳиза ронед, ки онҳо дар бораи Худо чӣ маълумот медиҳанд (Заб. 18:2).