Ду тангаи бевазан
Яке аз роҳҳои дастгирӣ кардани ташкилоти Яҳува ин ба кори мавъизаи умумиҷаҳонӣ хайрия кардан аст. Вале агар мо рӯзгори худро базӯр пеш бурда истода бошем–чӣ?
Боре Исо дар пеши маъбад нишаста ба он аҳамият дод, ки бевазани камбағале ба ганҷинаи маъбад ду фулус, яъне ду тангаро хайр мекард. Он бевазан ба ганҷина «ҳар чи дошт, андохт, яъне тамоми нафақаи худро дод», чунки Худоро хеле дӯст медошт (Марқ. 12:41–44). Исо қайд намуд, ки он ду тангаи камарзиши бевазан дар назари Худо арзиши хеле баланд доштанд. Ҳамчунин масеҳиёни асри як имконияти аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кардани хизмати муқаддасонро барои худ шараф меҳисобиданд ва новобаста аз он ки камбағал буданд ё доранда, мувофиқи имкониятҳои худ хайрия мекарданд. Павлуси ҳавворӣ масеҳиёни Мақдунияро мисол оварда гуфт, ки нигоҳ накарда ба «бенавоии сахти [худ]... онҳо бо камоли исрор... илтимос карданд, ки дар кори хайр» шарик шаванд (2 Қӯр. 8:14).
Бинобар ин, агар мо ҳамагӣ «ду танга» хайрия карда тавонем ҳам, набояд фаромӯш кунем, ки чунин хайрияҳои хурд метавонанд қатра–қатра ҷамъ шуда, маблағи калонеро ташкил диҳанд. Хайрияҳои аз таҳти дил кардаи мо ба Яҳува, ки Худои саховатманд аст, хеле писанданд, зеро Ӯ «он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад» (2 Қӯр. 9:7).