Маъракаи даъваткунӣ ба Шоми ёдбуд аз 1 март сар мешавад
1. Маъракаи даъваткунии одамон ба Шоми ёдбуд кай мегузарад ва чаро он имсол зиёдтар давом хоҳад кард?
1 Аз 1 март сар карда, мо дар маъракаи ҳарсолаи даъваткунӣ ба Шоми ёдбуд иштирок хоҳем кард, то дигар одамон низ ҳамроҳамон ба ин ҷашн ташриф оранд. Ҷашни Шоми ёдбуд 26 март баргузор мегардад, аз ин бармеояд, ки маъракаи даъваткунӣ назар ба солҳои гузашта каме зиёдтар давом хоҳад кард. Ин имконият медиҳад, ки шумораи ҳар чӣ бештари одамон дар бораи ин ҷашни муҳим шунаванд.
2. Киҳоро мо ба Шоми ёдбуд даъват карда метавонем ва чӣ тавр дар ин бобат эҳтиёткорӣ зоҳир кунем?
2 Тайёрӣ ба даъваткунӣ. Рӯйхати онҳоеро, ки даъват кардан мехоҳед, тартиб диҳед. Бешубҳа, шумо ба ин рӯйхат номи ҳамсояҳо, ҳамкорону ҳамсинфон, онҳое ки дар гузашта Китоби Муқаддас меомӯхтанд ё ҳоло меомӯзанд ва он касонеро, ки шумо бо онҳо мунтазам боздид мекунед, дохил хоҳед кард. Бародарон метавонанд дар ҷамъомад бо шавҳарони хоҳароне, ки ҳамимони мо нестанд, сӯҳбат кунанд. Ҳамчунин хешовандонатонро, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, аз хотир набароред. Илова бар ин, мо кӯшишҳои зиёде ба харҷ хоҳем дод, то онҳоеро, ки пеш фаъолона дар ҷамъомад иштирок мекарданд, ба Шоми ёдбуд даъват намоем (Луқ. 15:3–7). Албатта, мо бояд эҳтиёткориро фаромӯш накунем ва танҳо онҳоеро даъват намоем, ки ба ҳақиқат шавқи самимӣ доранд (Мат. 7:6; 10:17).
3. Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба саволҳо оиди Шоми ёдбуд ҷавоб диҳем?
3 Шумо чӣ хоҳед гуфт? Агар шахсе, ки шумо даъват мекунед, доир ба Шоми ёдбуд савол дошта бошад, метавонед аз замима оиди Шоми ёдбуди марги Масеҳ, ки дар саҳифаҳои 206–208-и китоби «Таълимот» ҷойгир аст, истифода бурда, ба саволаш ҷавоб диҳед. Ба ин восита шояд барои сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас асос гузошта шавад, зеро барои шинос намудан бо адабиёте, ки аз рӯи он омӯзиш мегузаронем, имконият пайдо мегардад. Ҳамчунин маълумоти саҳифаҳои 16–22-и брошураи «Ҳидояти Худо роҳнамои Биҳишт аст», хусусан чорчӯбаи саҳифаи 17-и он, метавонад барои фаҳмондани зарурати фидия маводи хуби ёрирасон бошад. Лутфан, барои худ қайд намоед, ки 2 март мо диққатамонро на ба сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас равона месозем, чуноне ки одатан дар якум шанбеи моҳ мекунем, балки ба даъват намудани одамон ба Шоми ёдбуд.
4. Чаро мо бояд бо ҷидду ҷаҳд дар маърака иштирок кунем?
4 Мо умедворем, ки бисёриҳо барои ба ҷашни Шоми ёдбуд ташриф овардан ба мо ҳамроҳ хоҳанд шуд. Дар нутқи Шоми ёдбуд кӣ будани Исо фаҳмонда мешавад (1 Қӯр. 11:26). Дар он гуфта хоҳад шуд, ки марги ӯ ба мо чӣ манфиат меорад (Рум. 6:23). Ҳамчунин ба он диққат дода мешавад, ки чаро Исои Масеҳро дар хотир нигоҳ доштан муҳим аст (Юҳ. 17:3). Биёед бо ҷидду ҷаҳд дар ин маъракаи даъваткунӣ иштирок намоем!