«Ба хондани ин кӣ шавқ зоҳир мекунад?»
1. Ҳангоми хондани «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» мо бояд дар бораи чӣ фикр кунем ва чаро?
1 Ҳангоми тайёр кардани маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» ниёзҳои тамоми одамон ба инобат гирифта мешавад. Бинобар ин мавзӯи мақолаҳо гуногун мебошанд. Дар вақти хондани ҳар як мақола, мо бояд фикр кунем ки, киҳо ба ин мақола шавқ пайдо карда метавонад ва сипас мақоларо ба чунин шахсон пешкаш намонем.
2. Кадом мавзӯъҳои маҷаллаамон ба дигарон шавқовар буда метавонад?
2 Оё дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ», ки ҳоло хонда истодаед мавзӯе бардошта шудааст, ки чанд вақт пеш бо ҳамкоратон муҳокима карда будед? Оё дар он мақолае оиди ҳаёти оилавӣ ҳаст, ки ба хешатон ёрӣ дода тавонад? Оё ягон шиносатон оиди воқеаи таърихие, ки дар маҷаллаи «Бедор шавед!» оварда шуда буд, маълумот гирифтан мехоҳад? Оё яке аз ин маҷаллаҳо барои коргарони ягон муассиса маъқул хоҳад шуд? Масалан, дар маҷаллае, ки душвориҳои пиронсолон муҳокима карда мешавад, шояд барои коргарони хонаи пиронсолон ва худи пиронсолон шавқовар хоҳад буд. Албатта, мо бояд бодиққат бошем, ки кадом вақт маҷалларо истифода бурдан бехатар аст ва кадом вақт не. Ҳамчунин шумораи ҳар як маҷалларо дар китобхонаи шахсии худ нигоҳ доштан муҳим аст. (Нигаред ба «Замимаи саволҳо», km 8/10.) Агар шумо маҷаллаи иловагӣ надошта бошед, ба шахс маҷаллаи худро муваққатан дода метавонед. Ё ин ки оиди тарзи гирифтани маҷалла аз вебсайти мо www.pr2711.com ба шахс маълумот диҳед ё худатон аз ин вебсайт маҷалла гирифта ба шахс пешниҳод кунед.
3. Аз чӣ маълум мегардад, ки пешкаш намудани маҷалла ба шахсоне, ки ба назарамон ба мавзӯи махсуси он шавқ зоҳир хоҳанд кард, натиҷаи хуб меорад?
3 Натиҷаҳо. Баъди гирифтани «Бедор шавед!» аз моҳи октябри соли 2011, зери мавзӯи «Чӣ тавр кӯдакро шахси масъулиятнок тарбия кунем?» ҳамсарон дар Африқои Ҷанубӣ ба 25 мактаби маҳалли ҷамъомади худ занг заданд. Бисту дутои он мактабҳо барои гирифтани маҷалла розӣ шуданд ва ба талабагонашон онҳоро тақсим намуданд. Ҳамсарони дигар низ, ки дар ин мамлакат зиндагӣ мекунанд, ба мактабҳои маҳаллашон ин маҷалларо пешниҳод намуданд. Муаллимони яке аз ин мактабҳо қарор карданд, ки дар барномаи таълимии мактаб ин маҷалларо истифода баранд. Ҳамсарон воқеаро ба нозири ноҳиявӣ нақл намуданд. Ӯ бошад, воизони ноҳияашро барангехт, ки дар мактабҳои маҳаллашон низ ин маҷалларо пешниҳод кунанд. Дар натиҷаи чунин кӯшишҳо ба филиал чунон дархостҳои зиёд фиристода шуд, ки аз нав чоп кардани ин маҷалла лозим омад!
4. Чаро мо мехоҳем, ки маҷаллаҳо ба таври васеъ паҳн карда шаванд?
4 Маҷаллаҳоямон маънои аслии воқеаҳои имрӯзаи ҷаҳонро мефаҳмонанд ва диққати шахсро ба Китоби Муқаддас ва Салтанати Худо равона месозанд. Дар ҷаҳони имрӯза танҳо ин маҷаллаҳо наҷотро эълон мекунанд (Иш. 52:7). Бинобар ин, мо ин маҷаллаҳоро ба шумораи зиёди одамон пешкаш кардан мехоҳем. Яке аз роҳҳои бомуваффақият паҳн кардани маҷаллаҳо, ин ба худ додани чунин савол мебошад: «Ба хондани ин кӣ шавқ зоҳир мекунад?»