Суруди нав барои ибодат!
1 Дар охирон вохӯрии солонаи Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, Китоби Муқаддас ва рисолаҳо (Пенсилвания), ки 4-уми октябри соли 2014 баргузор гашт, эълон шуд, ки аз нав дида баромадани китоби сурудҳо ба нақша гирифта шудааст. Ин дар ҳақиқат хабари хуш буд! Ба ҳамаи ҳозирон оиди он ки сурудҳои Салтанат дар ибодатамон ҷои муҳимро ишғол мекунад, ёдрас карда шуд (Заб. 95:2).
2 Шумо шояд, савол диҳед, ки «Чаро аз нав дида баромадани китоби сурудҳо лозим аст?» Барои ин якчанд сабабҳо вуҷуд доранд. Пеш аз ҳама фаҳмиши мо оид ба Навиштаҳо такмил ёфта истодааст, ки ин ба калимаҳои суруд таъсир расонида метавонад (Мас. 4:18). Сабаби дигари иваз кардани сурудҳо дар ин аст: Бисёр ифодаҳо ва ибораҳое, ки дар китоби сурудҳо истифода шудаанд аз нашри пешинаи «Тарҷумаи дунёи нав» гирифта шуда буданд. Он калимаҳо ҳоло бояд иваз карда шаванд ва бо калимаҳои нашри аз нав дида баромадаи Китоби Муқаддас мувофиқат кунанд. Азбаски барои ба тарҷумаи нав мувофиқ кардани матни сурудҳо кори бисёр дар талаб аст, бинобар ин қарор карда шуд, ки ба ин китоб якчанд сурудҳои нав илова шавад.
3 Оё мо пеш аз он ки сурудҳои навро сароем ба чоп баромадани ин китобро интизор хоҳем шуд? Не. Мо аз хабардор кардани шумо оиди он хурсандем, ки дар давоми чанд моҳи навбатӣ якчанд шумораи сурудҳо дар вебсайти мо jw.org гузошта мешаванд. Вақте ки суруд мебарояд, он дар охири Вохӯрии хизматӣ бо номи «суруди нав» гузошта хоҳад шуд.
4 Чӣ тавр Суруди навро бояд омӯхт: Аз худ кардани суруди нав душвор буда метавонад. Лекин мо ба мисли забурнавис «хомӯш» намонда, дар ҷамъомад суруд хондан мехоҳем (Заб. 29:13). Барои аз худ кардани суруди нав аз ин қадамҳои оддӣ истифода баред.
Такрору ба такрор мусиқии тавассути пианино сабтшударо, ки дар вебсайтамон гузошта мешавад, гӯш кунед. Чӣ қадар бисёр мусиқии сурудро гӯш кунед, ҳамон қадар бароятон аз худ кардани он осонтар мегардад.
Суханони сурудро омӯзед ва кӯшиш кунед, ки онҳоро дар хотир гиред.
Оҳангро ҳамроҳи матни суруд замзама кунед. Ин амалро то дами аз худ кардани суруд, давом диҳед.
Сурудҳои навро дар ибодати оилавӣ, якчанд бор машқ кунед, то он даме ки оилаатон ба он одат кунад.
5 Дар моҳҳои оянда вақте ки суруди нав дар барномаи Вохӯрии хизматӣ гузошта мешавад, ҷамъомад як бор мусиқии онро гӯш мекунад ва баъд, ба мисли дигар сурудҳо, шунавандагон сурудро бо оҳангаш месароянд.
6 Танҳо тасаввур кунед, ки дар ҷамъомад бо як овоз дар шаъни Яҳува суруд хонданамон чӣ қадар ба мо хурсандӣ меорад. Аз ин рӯ, мо набояд он лаҳзае, ки дар ҷамъомади масеҳии мо хондани суруд эълон карда мешавад, ҷойҳои худро беҳуда тарк кунем.
7 Боз бо роҳи дигар нисбати мусиқии муқаддас, миннатдориамонро нишон дода метавонем. Дар анҷуманҳо пеш аз оғози ҳар як барнома мусиқӣ садо медиҳад. Дар як сол ду маротиба бародарон ва хоҳарон аз чор гӯшаю канори дунё бо маблағи худашон ба Паттерсон (Ню-Йорк) сафар мекунанд, то ки мусиқии зеборо барои ибодати мо сабт кунанд. Ҳамин тавр, вақте ки барандаи барномаи анҷуман моро барои ишғол намудани ҷои худ ва гӯш кардани он чизе ки оркестр тайёр кард, таклиф менамояд, мо бояд аз рӯи гуфтаи ӯ амал кунем. Ин гуна рафторамон ба мо кӯмак мекунад, ки диламонро ба маълумоти минбаъда, тайёр намоем (Эзро 7:10).
8 Барномаи имрӯзаро мо бо суруди нав бо номи «Салтанат барпо гашт. Бигзор он биёяд!» хотима мебахшем. Ба ин суруд дар вохӯрии ҳарсолае, ки ба қарибӣ гузашт, диққати махсус дода шуд ва он хусусан барои ҷашн гирифтани 100-солагии ҳукмронии Салтанат сабт карда шуд.
9 Бешубҳа сурудҳои нав ин «чизи нек» аз тарафи Яҳува мебошанд (Мат. 12:35а). Пас, биёед бо азми қавӣ ин сурудҳоро аз худ кунем ва онҳоро аз таҳти дил сароида ба Худои худ ҳамду санои шоиста ва ҷалол орем (Заб. 146:1).