Асбобу лавозимоти таълимдиҳии мо
1. Аз кадом ҷиҳат воизон ба усто монанданд?
1 Устои ботаҷриба асбобҳои гуногунро истифода мебарад. Ҳарчанд баъзе аз ин асбобҳои асосӣ гоҳ-гоҳ барои вазифаҳои махсус лозим шаванд ҳам, лекин баъзеи дигарашон зуд-зуд истифода мешаванд. Одатан устои моҳир асбобҳои асосиеро, ки бештар истифода мебарад, ҳамавақт ҳамроҳаш мегирад. Китоби Муқаддас ҳар як масеҳиро ташвиқ менамояд, ки дар хизмат иштирок намояд ва «ҳамчун коркуне» бошад ки «хиҷил намешавад» (2 Тим. 2:15). Дар байни асбобҳои асосии таълимдиҳии мо кадомаш муҳимтар аст? Каломи Худо — асбоби асосие мебошад, ки мо онро барои шогирд тайёр кардан истифода мебарем (Мат. 28:19, 20). Бинобар ин мо бояд кӯшиш кунем, ки дар мавъиза кардани «каломи ростӣ» моҳир бошем. Лекин дигар асбобҳои таълимдиҳие ҳастанд, ки мо онҳоро зуд-зуд истифода мебарем. Аз ин рӯ ҳамаи масеҳиён барои ба одамон таълим додани ҳақиқат бояд тарзи моҳирона истифода бурдани онҳоро ёд гиранд (Мас. 22:29).
2. Дар кори таълимдиҳӣ асбобу лавозимоти асосии мо кадоманд?
2 Лавозимоти асосӣ барои таълимдиҳӣ. Ғайр аз Китоби Муқаддас мо боз кадом асбобу лавозимотро истифода бурда метавонем? Барои таълим додани ҳақиқати Каломи Худо, китоби «Таълимот» кӯмакрасони мост. Баъди тамом кардани он, мо бо шахс аз рӯи китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» омӯзиш мегузаронем, то ба ӯ дар ҳаёти ҳаррӯза истифода бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро ёд диҳем. Аз ин рӯ мо бояд дар истифодаи ин ду адабиёт усто бошем. Ҳамчунин ба қатори асбобҳои таълимдиҳии мо якчанд брошураҳо дохил мешаванд. Масалан, брошураи «Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!», яке аз асбоби асосӣ барои сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас мебошад. Агар дар минтақаи мо одамоне бошанд, ки қобилияти хонданашон суст аст ё бо забоне гап мезананд ки адабиёти мо дар он забон каманд ё умуман нестанд, пас мо аз брошураи «Худоро гӯш кунед» ё «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» истифода бурда метавонем. Лавозимоти асосии дигар, ин брошураи «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?» мебошад, ки он омӯзандаро бо ташкилот шинос мекунад. Ҳамчунин видеонаворҳое ба монанди «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт?», «Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува чӣ тавр мегузаранд?» ва «Оё Худо ном дорад?» ҳастанд, ки дар тайёр кардани шогирд мададрасонанд ва мо бояд моҳирона истифода бурдани онҳоро низ ёд гирем.
3. Шумораҳои ояндаи «Хизмат ба Салтанати Худо» ба мо дар кадом кор кӯмак хоҳанд кард?
3 Шумораҳои ояндаи «Хизмат ба Салтанати Худо» ба мо кӯмак хоҳанд кард, то аз якчанд адабиётҳои асосие ки ба асбобу лавозимоти таълимдиҳии мо дохил мешаванд, моҳирона истифода бурданро ёд гирем. Агар мо кӯшиш кунем, ки аз ин адабиётҳо моҳирона истифода барем, пас аз рӯи ин маслиҳати илҳомбахшида, амал хоҳем кард: «Ба худат ва ба таълим диққат деҳ, доимо ба ин машғул бош; зеро, агар ҳамин тавр рафтор кунӣ, ҳам худатро наҷот медиҳӣ ва ҳам шунавандагонатро» (1 Тим. 4:16).