ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp20 № 3 саҳ. 12
  • Бо одамон чӣ тавр бояд муносибат кунем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Бо одамон чӣ тавр бояд муносибат кунем?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2020
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • КАЛОМИ ХУДО ОИДИ МУҲАББАТ ЧУНИН МЕГӮЯД:
  • «ЁРАТРО МИСЛИ ХУДАТ ДӮСТ ДОР» ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
  • Муҳаббат хислати беҳамтост
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Чӣ хел муҳаббатамонро ба якдигар қавӣ нигоҳ дорем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Нагузоред, ки муҳаббататон сард шавад
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2020
wp20 № 3 саҳ. 12
Ҳазрати Исо дар бораи сомарии одамдӯсте масал овард, ки ҷароҳатҳои марди латукӯбшуда ва дар роҳ партофташударо равған мемолад.

Мо аз муҳаббат ба одамон манфиати онҳоро аз манфиати худ боло мегузорем

Бо одамон чӣ тавр бояд муносибат кунем?

Тамоми одамон аслан фарзандони Одам Атоянд ва як оиларо ташкил медиҳанд. Агарчи аъзоёни оила бояд бо ҳам меҳрубон бошанд ва якдигарро ҳурмат кунанд, имрӯз меҳру оқубат кам ба чашм мерасад. Вале Худои меҳрубон чунин шуданашро намехост.

КАЛОМИ ХУДО ОИДИ МУҲАББАТ ЧУНИН МЕГӮЯД:

«Ёратро мисли худат дӯст дор» (ИБОДАТ 19:18).

«Душманони худро дӯст доред» (МАТТО 5:44).

«ЁРАТРО МИСЛИ ХУДАТ ДӮСТ ДОР» ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Аҳамият диҳед, ки Худо дар Каломаш дар 1 Қӯринтиён 13:4–7 муҳаббатро чӣ тавр маънидод мекунад:

«Муҳаббат пуртоқат ва меҳрубон аст».

Фикр кунед: Вақте дигарон ба хатогию камбудиҳоятон пуртоқатона муносибат мекунанд ва бо шумо меҳрубон мемонанд, шумо худро чӣ хел ҳис мекунед?

«Муҳаббат рашк намекунад».

Фикр кунед: Агар дигарон аз шумо гумони бад кунанд ё ба шумо рашку ҳасад баранд, магар аз ин зиқ намешудед?

Муҳаббат «фоидаи худро намеҷӯяд».

Фикр кунед: Агар дигарон ба ҷойи доим гапи худро гузарондан фикру хоҳиши шуморо низ ба назар гиранд, оё ин ба шумо маъқул намешуд?

Муҳаббат «ба дил кина намегирад»

Фикр кунед: Худо тайёр аст гуноҳи касонеро, ки аз таҳти дил тавба мекунанд, бахшад. Дар Каломаш гуфта шудааст, ки Парвардигор бандагонашро «ба сурати абадӣ мазаммат намекунад, ва қаҳрашро то абад нигоҳ намедорад» (Забур 102:9). Агар мо ягон касро хафа кунему ӯ моро бахшад, магар аз ин хурсанд намешудем? Пас, мо ҳам дар навбати худ бояд бо омодагӣ дигаронро бахшем (Забур 85:5).

Муҳаббат «аз бадӣ хурсанд намешавад».

Фикр кунед: Вақте ба сари мо мусибате ояд, мо намехостем, ки дигарон аз азоби мо хурсанд шаванд, ҳамин тавр-не? Барои ҳамин вақте дигарон аз мушкилие азоб мекашанд, мо набояд хурсанд шавем, ҳатто агар онҳо ба мо бадӣ карда бошанд ҳам.

Барои баракати Худоро соҳиб шудан мо бояд ҳама одамонро новобаста аз синну сол, миллат ва динашон дӯст дорем. Як роҳи зоҳир кардани муҳаббат ин кӯмак расондан ба мӯҳтоҷон мебошад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан