БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Ҷойи ибодатро дар ҳолати хуб нигоҳ доред
Толори Салтанати мо на танҳо бино, балки ҷойи ибодатест, ки ба Яҳува бахшида шудааст. Чӣ тавр ҳар яки мо дар тозаву озода нигоҳ доштани он ҳиссаи худро гузошта метавонем? Баъд аз тамошои видеонавори «Ҷойи ибодатро дар ҳолати хуб нигоҳ доред» саволҳои зеринро муҳокима кунед:
Толори Салтанат барои чӣ даркор аст?
Чаро тозаву озода нигоҳ доштани Толори Салтанат муҳим аст?
Барои нигоҳубини Толори Салтанат кӣ вазифадор аст?
Чаро бехатарӣ муҳим аст ва кадом намунаҳои онро шумо дар ин видео дидед?
Чӣ тавр хайрияи мо, номи Яҳуваро ҷалол медиҳад?