ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ИРМИЁ 44–48
Барои худ чизҳои бузург талаб накун
Борух дар дарбори шоҳ амалдори донишманд буд. Ҳарчанд Борух Яҳуваро ибодат мекарду ёрдамчии содиқи Ирмиё буд, муддате диққаташ аз чизҳои муҳим дур шуд. Ӯ чизҳои бузургро меҷуст, ки ин шояд дар дарбор обрӯмандтар гаштан ва ё соҳиби молу мулк шудан буд. Пеш аз валангор шудани Ерусалим Борух бояд фикри худро дигар мекард, то наҷот ёбад.