БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Оё шумо худро мебахшед?
Баъзан бахшидани хатоҳоямон душвор буда метавонад, гарчанд Яҳува онро аллакай бахшидааст. Ин мавзӯъ дар анҷумани минтақавии соли 2016 бо номи «Ба Яҳува содиқ монед!», дар нутқ ва видеонавор муҳокима шуда буд. Барномаи JW Library-ро истифода бурда, видеонаворро тамошо кунед ва ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Соня чӣ қадар вақт аз ҷамъомад хориҷ шуда буд?
Пирон бо Соня кадом оятро дида баромаданд ва ин ба ӯ чӣ хел ёрдам кард?
Вақте Соня ба ҷамъомад баргашт, бародару хоҳарон ба ӯ чӣ тавр муносибат карданд?
Соня бо кадом ҳиссиётҳо мубориза бурд ва чӣ тавр падараш ба ӯ ёрдам кард?