БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Чаро шумо ибодати покро қадр мекунед?
Яҳудиёни дар асирӣ буда аз маъбади дар рӯъё дидаи Ҳизқиёл хурсанд шуданд, чунки ин рӯъё ба онҳо умед бахшид, ки ибодати пок барқарор мешавад. Дар ин айёми охир ибодати пок «бар сари кӯҳҳо барқарор» гаштааст ва мо дар қатори онҳое ҳастем, ки аз «ҳамаи халқҳо сӯйи он равона» мебошанд (Иш 2:2). Оё шумо мунтазам дар бораи шарафи ба Яҳува хизмат кардану Ӯро шинохтан мулоҳиза меронед?
БАРАКАТҲОИ ИБОДАТИ ПОК:
Ғизои рӯҳонии фаровоне, ки ба саволҳои муҳими ҳаёт ҷавоб медиҳад, маслиҳатҳои хубу фоиданок ва умед ба оянда (Иш 48:17, 18; 65:13; Рм 15:4)
«Осоиштагии Худо», ки моро дар душвориҳо қавӣ мегардонад (Фп 4:6, 7)
Виҷдони пок (2Тм 1:3)
Муносибати наздик бо Яҳува (Зб 24:14)
Чӣ тавр ман нишон дода метавонам, ки ибодати покро қадр мекунам?