ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ҲУШАЪ 1–7
Яҳува аз нишон додани муҳаббати пойдор хурсандӣ мегирад. Шумо чӣ?
Шахс ҳамон вақт муҳаббати пойдор зоҳир мекунад, агар ӯҳдадориро ҳис кунаду беайб бошад ва садоқатмандиву дилбастагӣ дошта бошад. Яҳува мисоли Ҳушаъ ва зани хиёнаткори ӯ Ҷумарро истифода бурда нишон дод, ки чӣ тавр муҳаббати пойдорро зоҳир кунем ва самимона бахшем (Ҳш 1:2; 2:7; 3:1–5).
Чӣ тавр Ҷумар нишон дод, ки муҳаббати пойдор надорад?
Чӣ тавр исроилиён нишон доданд, ки муҳаббати пойдор надоранд?
Чӣ тавр Ҳушаъ муҳаббати пойдорро нишон дод?
Чӣ тавр Яҳува муҳаббати пойдорро нишон дод?
БАРОИ МУЛОҲИЗА: Чӣ тавр ман нишон дода метавонам, ки ба Яҳува муҳаббати пойдор дорам?