Ҳарчанд Иди раҳоӣ тимсоли Шоми ёдбуд нест, лекин байни ин ду ид баъзе монандиҳо вуҷуд доранд. Масалан, Павлуси расул Исоро «барраи Иди раҳоӣ» номид (1Қр 5:7). Хуни Исо мисли хуни барраи бар паҳлӯдарии хонаҳои исроилиён молидашуда, ҳаёти одамонро наҷот медиҳад (Хр 12:12, 13). Ҳамчунин устухонҳои барраи Иди раҳоиро шикастан мумкин набуд. Устухонҳои Исо низ шикаста нашуд, ҳарчанд одатан дар асри як устухонҳои пойи ҳукмшудагонро мешикастанд (Хр 12:46; Юҳ 19:31–33, 36).