ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЪМОЛ 21, 22
«Бигзор хости Яҳува шавад»
Павлус ҳис кард, ки рӯҳи муқаддас ӯро ба Ерусалим роҳнамоӣ мекунад, ки ӯро дар он ҷо душвориҳо интизор буданд (Ам 20:22, 23). Барои ҳамин, вақте масеҳиён бо нияти нек пеши роҳи ӯро гирифтанӣ шуданд, ӯ гуфт: «Чаро шумо чунин мекунед? Чаро бо гиряҳои худ азми маро суст мегардонед?» (Ам 21:13). Биёед мо низ ҳеҷ гоҳ пеши роҳи онҳоеро, ки ба Яҳува чизи беҳтаринашонро додан мехоҳанд, нагирем.