БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Аз Яҳува таълим гиред
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Омӯзгори Бузург, Яҳува, ба мо таълими беҳтаринро медиҳад. Ӯ моро таълим медиҳад, ки ҳаётамонро беҳтар кунем ва ба ҳаёт дар дунёи нав тайёр бошем ва ҳамаи ин тамоман бепул аст (Иш 11:6–9; 30:20, 21; Вҳ 22:17). Ба туфайли таълими Яҳува мо ҳамчунин ба дигарон хабареро мерасонем, ки ҳаёташонро наҷот дода метавонад (2Қр 3:5).
ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:
Фурӯтанӣ ва ҳалимиро инкишоф диҳед (Зб 24:8, 9)
Аз он воситаҳое, ки Яҳува барои таълим медиҳад, истифода баред, масалан дар вохӯрии байниҳафта бо супоришҳо баромад кунед
Дар назди худ мақсадҳои рӯҳонӣ гузоред (Фп 3:13)
Барои минбаъд аз Яҳува таълим гирифтан тайёр бошед, ки ягон чизро қурбон кунед (Фп 3:8)
ВИДЕОНАВОРИ «ТАЪЛИМИ ЯҲУВА БИСЁР БАРАКАТҲО ОВАРД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Воизоне, ки дар Мактаби воизони хушхабар таҳсил кардан мехостанд, бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд?
Дар Мактаби воизони хушхабар чиро ёд медиҳанд?
Чӣ тавр ҷамъомад ба хатмкунандагони мактаб ёрдам дод?
Барои дар Мактаби воизони хушхабар таҳсил намудан, ба кадом талабот мувофиқат кардан лозим аст? (kr саҳ. 189)
Шумо дар ташкилоти Яҳува боз кадом таълимро гирифта метавонед?
Таълими Яҳува ба шумо чӣ баракатҳо меорад?