ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb19 июн саҳ. 7
  • Вақтхуширо хирадмандона интихоб кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Вақтхуширо хирадмандона интихоб кунед
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2019)
  • Маводи монанд
  • Бигзор вақтхушиятон ба Яҳува писанд бошад
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Чӣ тавр вақтхушиҳои фоидабахшро интихоб кунем
    «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
  • Ба Яҳува пурра вафодор бошед!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Оё вақтхушиву истироҳати шумо фоиданок аст?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2019)
mwb19 июн саҳ. 7

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Вақтхуширо хирадмандона интихоб кунед

Чаро мо бояд вақтхуширо бохирадона интихоб кунем? Вақте мо интихоб мекунем, ки кадом филмро тамошо кунем, кадом мусиқиро гӯш кунем, ба кадом вебсайт дароем, кадом китобро хонем ва кадом бозии электрониро кунем, мо дар асл он чизеро интихоб мекунем, ки майнаи сари моро пур мекунад. Вақтхушиеро, ки мо интихоб мекунем, ба рафторамон таъсир мерасонад. Афсӯс, ки имрӯз бисёр вақтхушиҳо, бо чизҳое, ки Яҳува аз онҳо нафрат дорад, алоқаманд аст (Зб 10:5; Ғл 5:19–21). Барои ҳамин Китоби Муқаддас моро бармеангезад, то доимо дар бораи чизҳое мулоҳиза ронем, ки Яҳуваро ҷалол медиҳанд (Фп 4:8).

ВИДЕОНАВОРИ «ДАР ИНТИХОБИ ВАҚТХУШӢ ЭҲТИЁТ БОШ!»-РО МОНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Бозиҳои гладиаторон дар Рум

    Чаро гуфтан мумкин аст, ки бозиҳои ҳозира ба бозиҳои гладиаторон, ки дар Руми қадим мегузаштанд, монанданд?

  • Бародаре, ки пешрав аст, бо бародари ҷавоне хизмат мекунад

    Чӣ тавр бародарону хоҳарон ба ҷавонон ёрдам карда метавонанд, ки вақтхуширо хирадмандона интихоб кунанд?

  • Лашкар

    Чӣ хел гуфтаҳои Румиён 12:9 дар интихоби вақтхушӣ ёрдам карда метавонад?

  • Бародарон футболбозӣ доранд

    Масеҳиён чӣ хел вақтхушӣ карда метавонанд?

ШУМО КАДОМ ВАҚТХУШИРО ИНТИХОБ МЕКУНЕД?

Бисёр вақтхушиҳое, ки имрӯз ҳама ҷоро фаро гирифтаанд, одамро бармеангезанд, ки кам ҳаракат кунад. Филмҳо, китобҳо ва барномаҳои телевизионӣ аллакай фикрҳои тайёрро дар сари мо ҷой мекунанд. Ин маънои онро надорад, ки мо умуман бояд аз ин намуди вақтхушӣ даст кашем. Аммо бисёриҳо пай бурданд, ки вақтхушиҳое, ки ҳаракати одамро талаб мекунанд, бештар қаноатмандӣ меорад. Масалан, баъзеҳо расмкаширо нағз мебинанд, баъзеҳо бошанд, навохтани асбобҳои мусиқиро. Ба дигарон дар ҳавои тоза вақт гузарондан маъқул аст, барои мисол бо варзиш машғул шудан ё ба кӯҳ рафтан. Кадом вақтхушиеро, ки интихоб накунем, биёед кӯшиш кунем, ки «ҳама чиро барои ҷалоли Худо ба ҷо» орем (1Қр 10:31).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан