ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ҲАСТӢ 12–14
Аҳде, ки ба шумо ҳам дахл дорад
Яҳува бо Иброҳим аҳд баст ва ин аҳд барои аз осмон ҳукмронӣ кардани Исо ва ҳамроҳонаш асоси қонунӣ гузошт
Аз афташ ин аҳд соли 1943-юми то милод, вақте ки Иброҳим аз дарёи Фурот гузашта ба Канъон мерафт, ба амал сар кард
Ин аҳд то замоне амал мекунад, ки Подшоҳии Худо душманони Яҳуваро пурра несту нобуд карда, тамоми халқҳои рӯйи заминро баракат медиҳад
Яҳува Иброҳимро барои имони бузургаш баракат дод. Агар мо ба ваъдаҳои Яҳува имон зоҳир кунем, пас, мувофиқи аҳде, ки бо Иброҳим баста шуд, соҳиби кадом баракатҳо мешавем?