ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ҲАСТӢ 20, 21
Яҳува ҳамеша ваъдаҳояшро иҷро мекунад
Иброҳиму Соро имони қавӣ доштанд ва Яҳува барои ин онҳоро баракат дода писар ато кард. Баъдтар имонашон озмуда шуд ва онҳо итоаткорӣ зоҳир карда нишон доданд, ки ба ваъдаҳои Яҳува пурра боварӣ доранд.
Чӣ тавр дар вақти озмоишҳо ман нишон дода метавонам, ки ба ваъдаҳои Яҳува боварӣ дорам? Чӣ хел ман имонамро мустаҳкам карда метавонам?