БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Фурӯтан бошед. Худро таъриф накунед
Манманиву худтаърифкунӣ аз ҳавобаландӣ шаҳодат медиҳад ва ҳамсӯҳбататонро рӯҳбаланд намекунад. Барои ҳамин Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Бигзор туро дигаре ситоиш намояд, на ин ки даҳони худат» (Мс 27:2).
ВИДЕОНАВОРИ «ДӮСТИ ЯҲУВА ШАВ! ФУРӮТАН БОШ!»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Одамон бештар дар бораи чӣ манманӣ мекунанд?
Чӣ хел Комилҷон худро дар пеши ҷӯрааш таъриф кард?
Чӣ тавр падари Комилҷон фаҳмонд, ки фурӯтан будан муҳим аст?
Чӣ тавр 1 Петрус 5:5 ба мо ёрдам медиҳад, то ки фурӯтан бошем?