ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ХУРУҶ 23, 24
Аксариятро пайравӣ накунед
Яҳува шоҳидон ва доваронро огоҳ карда буд, ки ба таъсири аксарият дода шуда шаҳодати дурӯғ надиҳанду ҳукми беадолатона набароранд. Аммо ин огоҳиро дар дигар соҳаҳои ҳаёт низ ба кор бурдан мумкин аст. Ин ҷаҳон доим ба масеҳиён фишор меорад, то ба тарзи фикрронӣ ва рафтори одамони ҷаҳон пайравӣ карда Худоро хафа кунанд (Рм 12:2).
Чаро пайравӣ кардани аксарият аз рӯйи хирад нест, вақте
овозаҳои беасос ва ғайбатро мешунавем?
сару либос, ороиши мӯй ё вақтхуширо интихоб мекунем?
гап дар бораи одамоне меравад, ки миллату маданият ва вазъи иҷтимоиашон аз мо фарқ мекунад?