ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb20 сентябр саҳ. 3
  • Овозаҳои дурӯғро паҳн накунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Овозаҳои дурӯғро паҳн накунед
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2020)
  • Маводи монанд
  • «Содадил ба ҳар сухан имон меоварад»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Оё шумо ба ҳама чиз бовар мекунед?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • Интернет — Истифодабарии оқилонаи он
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2020)
mwb20 сентябр саҳ. 3

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Овозаҳои дурӯғро паҳн накунед

Зане дар мағоза чизеро дар телефонаш дида ба ҳайрат афтодааст.

Имрӯз ба воситаи рӯзномаҳо, радиову телевизион ва интернет маълумот дар байни миллионҳо одамон тез паҳн шуда метавонад. Онҳое, ки «Худои ростӣ»-ро ибодат мекунанд, намехоҳанд, ки маълумоти дурӯғро ҳатто тасодуфан паҳн кунанд (Зб 30:6; Хр 23:1). Овозаи дурӯғе, ки паҳн карда мешавад, зарари калон расонида метавонад. Вақте аниқ кардан мехоҳед, ки оё маълумот рост аст ё дурӯғ, аз худ пурсед:

  • Оё ин маълумотро шахси боваринок гуфт? Касе, ки ягон чизро нақл мекунад, шояд худаш дар ин бора маълумоти пурра надошта бошад. Вақте як кас ба каси дигар ягон гапро мегӯяд, хоҳу нохоҳ ба он дигаргунӣ медарорад. Барои ҳамин, вақте шумо сарчашмаи воқеаро намедонед, эҳтиёт бошед. Одатан ба касоне, ки дар ҷамъомад масъулият доранд, чун ба шахсони боваринок менигаранд. Аз ин рӯ хусусан чунин шахсон бояд эҳтиёт бошанд, то маълумотеро, ки рост ё дурӯғ буданаш маълум нест, паҳн накунанд.

  • Оё ин маълумот обрӯйи касеро мерезонад? Агар маълумот ягон шахс ё гурӯҳи одамонро бадном кунад, мо набояд онро ба дигарон расонем (Мс 18:8; Фп 4:8).

  • Оё ин хабар ба ҳақиқат монанд аст? Вақте ягон ҳодиса ё воқеаи ҳайратоварро мешунавед, эҳтиёт бошед.

ВИДЕОНАВОРИ «ПЕШИ РОҲИ ҒАЙБАТА ГИР!»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Ба бачае, ки ба давра баста шудааст, шамшер мепартоянд

    Мувофиқи Масалҳо 12:18 суханони мо чӣ гуна осеб расонда метавонанд?

  • Гурӯҳи одамон ҷамъ шуда, ғайбат доранд.

    Мувофиқи Филиппиён 2:4 оё дар бораи дигарон гап задан раво аст?

  • Як мард аз марде, ки ғайбат мекунад, рӯ мегардонад.

    Вақте касеро аз пушташ масхара мекунанд ё паст мезананд, мо бояд чӣ кор кунем?

  • Як мард ғайбат карда истодааст ва марди дигаре, ки чун хабарнигор либос пӯшидааст, суханонашро менависад.

    Пеш аз он ки дар бораи дигарон гап занем, мо бояд аз худ чиро пурсем?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан