ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ХУРУҶ 35, 36
Яҳува барои иҷрои хизматаш ба мо чизи лозима медиҳад
Рӯҳи муқаддаси Яҳува ба Басалъил ва Оҳолиоб қобилиятҳои лозима дод, то нақшаи хаймаро бо тамоми ҷузъиёташ амалӣ карда тавонанд. Рӯҳи тавонои Яҳува имрӯз низ ба хизматгоронаш ёрдам мекунад. Барои он ки Яҳува ба мо рӯҳи муқаддасашро диҳад, бояд чӣ кор кунем?
Мо бояд дар дуо аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсем, то бо ёрии он маҳоратамонро дар хизмат беҳтар гардонем
Мо бояд Каломеро, ки бо рӯҳи муқаддаси Худо навишта шудааст, боғайратона омӯзем
Мо бояд супоришҳоямонро аз сидқи дил иҷро кунем
Яҳува барои иҷрои кадом супоришҳо ба шумо чизҳои лозимаро дода метавонад?