ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ИБОДАТ 4, 5
Ба Яҳува чизи беҳтаринатонро диҳед
Камбағалӣ ба исроилиён халал намерасонд, ки бо Яҳува муносибати хубро барқарор кунанд. Ҳатто исроилиёни қашшоқ қурбоние оварда метавонистанд, ки писанди Худо буд. Барои ин онҳо бояд чизи беҳтаринашонро медоданд. Онҳо ҳатто ордро қурбонӣ карда метавонистанд, лекин Яҳува интизор буд, ки ин орд «маҳин», яъне аълосифат, бошад. Одатан аз чунин орд барои меҳмонони олиқадр нон мепухтанд (Ҳс 18:6). Имрӯз низ ҳатто дар вазъиятҳои душвор мо метавонем ба Яҳува чизи беҳтаринамонро дода, «қурбонии ҳамду сано» орем (Ибр 13:15).
Агар шумо аз сабаби саломатии бад ё камқувватӣ мисли пештара хизмат карда натавонед, чӣ тавр ин фикр шуморо рӯҳбаланд месозад?