ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb21 январ саҳ. 11
  • Ҳаёти худро ба хизмати Яҳува бахшед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҳаёти худро ба хизмати Яҳува бахшед
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
  • Маводи монанд
  • Таъмид — роҳ сӯйи ояндаи дурахшон
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Таъмид — талаботи муҳим барои масеҳиён
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • Таъмид ва дӯстии шумо бо Худо
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Ба Худо ҷовидона хидмат намуданро ҳадафи худ созед
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
mwb21 январ саҳ. 11
Роҳи рамзие, ки мо дар хизмати Яҳува бояд тай кунем. Нишонаҳое, ки дар сари роҳ мебошанд, қадамҳои зеринро тасвир мекунанд: омӯзиши Китоби Муқаддас, иштирок дар вохӯриҳои ҷамъомад, мавъиза кардан ва таъмид гирифтан.

Дар роҳ сӯйи таъмид шумо ба куҷо расидед?

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ҳаёти худро ба хизмати Яҳува бахшед

Агар шумо ҷавони масеҳӣ ё омӯзанда бошед, оё мақсади таъмид гирифтан доред? Чаро доштани чунин мақсад хуб аст? Вақте шумо худро ба Яҳува мебахшед ва таъмид мегиред, бо Яҳува муносибати махсус пайдо мекунед (Зб 90:1). Ин ду қадам ҳамчунин барои наҷот роҳ мекушояд (1Пт 3:21). Барои гузоштани ин қадамҳо шумо чӣ кор карда метавонед?

Пеш аз ҳама, боварӣ ҳосил кунед, ки роҳи интихоб кардаатон ҳақиқат аст. Агар дар саратон шубҳаҳо пайдо шаванд, тадқиқоти иловагӣ гузаронед (Рм 12:2). Дигаргуниҳоеро, ки дар ҳаётатон дароварданиед, муайян кунед. Боварӣ ҳосил кунед, ки ин корро бо нияти шод гардондани Яҳува карда истодаед (Мс 27:11; Эф 4:23, 24). Дуо гуфта аз Ӯ ёрдам пурсед. Яҳува бошад, ба воситаи рӯҳи муқаддасаш шуморо дастгирӣ карда қувват мебахшад (1Пт 5:10, 11). Кӯшишҳои шумо арзандаанд, зеро ба Яҳува хизмат кардан роҳи беҳтарини ҳаёт аст! (Зб 15:11).

ВИДЕОНАВОРИ «РОҲ СӮЙИ ТАЪМИД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Баъзеҳо барои таъмид гирифтан кадом душвориҳоро паси сар карданд?

  • Барои ҳаёти худро ба Худо бахшидан чӣ тавр шумо имонатонро инкишоф дода метавонед?

  • Барои чӣ баъзеҳо сӯйи таъмид қадамҳо гузоштанд?

  • Онҳое, ки ҳаёташонро ба хизмати Яҳува бахшиданд, соҳиби кадом баракатҳо шуданд?

  • Худро ба Худо бахшидан ва таъмид гирифтан чӣ маъно дорад?

Нотиқ дар охири нутқи таъмид аз таъмидгирандагон хоҳиш мекунад, ки хеста бо овози баланд ба ду саволи зерин ҷавоб диҳанд:

Оё шумо аз гуноҳҳои худ тавба карда, дар дуо худро ба Яҳува бахшидед ва эътироф мекунед, ки Ӯ ба воситаи Исои Масеҳ наҷот медиҳад?

Оё мефаҳмед, ки таъмид гирифта шумо Шоҳиди Яҳува мешавед ва ба ташкилоти Ӯ ҳамроҳ мегардед?

Ҷавобҳои мусбии таъмидгирандагон «ба ҳама шаҳодат» медиҳанд, ки онҳо ба фидия имон доранд ва ҳаёташонро пурра ба Яҳува бахшидаанд (Рм 10:9, 10).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан