ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb21 май саҳ. 13
  • Дар оила муҳаббат зоҳир намоед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дар оила муҳаббат зоҳир намоед
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
  • Маводи монанд
  • Барои хушбахтии оила чӣ даркор аст?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Сирри хушбахтии оила дар чист?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Ҳаёти оилавие, ки писанди Худост
    Худо аз мо чӣ талаб дорад?
  • Ду калид барои дастёбӣ бар издивоҷи бардавом
    Сирри хушбахтии оила
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
mwb21 май саҳ. 13
Оилае дар ҷамъомад суруд месарояд.

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Дар оила муҳаббат зоҳир намоед

Муҳаббат мисли ширеше мебошад, ки оиларо мепайвандад. Бе муҳаббат дар оила нигоҳ доштани ягонагӣ ва якдигарфаҳмӣ душвор мегардад. Чӣ тавр шавҳарон, занон ва волидон дар оила муҳаббат нишон дода метавонанд?

Шавҳари меҳрубон талабот, нуқтаи назар ва ҳиссиёти занашро ба назар мегирад (Эф 5:28, 29). Ӯ оилаашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин мекунад ва кӯмак мерасонад, ки бо Яҳува муносибати наздик дошта бошад. Барои ин ӯ мунтазам ибодати оилавӣ мегузаронад (1Тм 5:8). Зани ғамхор ба шавҳараш итоат карда эҳтироми чуқур нишон медиҳад (Эф 5:22, 33; 1Пт 3:1–6). Ҳамсарон бояд якдигарро бо омодагӣ бахшанд (Эф 4:32). Волидони меҳрубон ба ҳар як фарзандашон диққат медиҳанд ва меҳри Яҳуваро дар дили онҳо ҷо мекунанд (ТкШ 6:6, 7; Эф 6:4). Чунин волидон фаҳмидан мехоҳанд, ки фарзандонашон дар мактаб бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва чӣ тавр онҳо ба фишори ҳамсолон мубориза мебаранд. Агар дар оила муҳаббати зиёд зоҳир карда шавад, ҳар як узви он худро дар бехатарӣ ҳис мекунад.

ВИДЕОНАВОРИ «ДАР ОИЛА МУҲАББАТИ БЕПОЁН ЗОҲИР КУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Саҳна аз видеонавори «Дар оила муҳаббати бепоён зоҳир кунед». Ҳамсарон баъди ҷамъомад дар хона ояти Китоби Муқаддасро муҳокима карда истодаанд.

    Чӣ тавр шавҳари меҳрубон занашро қадр карда ба ӯ ғамхорӣ менамояд?

  • Саҳна аз видеонавори «Дар оила муҳаббати бепоён зоҳир кунед». Хоҳаре баъди ҷамъомад шавҳарашро, ки шоҳиди Яҳува нест, бодиққат гӯш карда муҳаббаташро изҳор мекунад.

    Чӣ тавр зани ғамхор нишон медиҳад, ки шавҳарашро аз таҳти дил ҳурмат мекунад?

  • Саҳна аз видеонавори «Дар оила муҳаббати бепоён зоҳир кунед». Оилае чой хӯрда дар бораи фикрҳои асосие, ки дар ҷамъомад ба онҳо маъқул шуд, сӯҳбат мекунанд.

    Чӣ тавр волидони меҳрубон суханони Китоби Муқаддасро дар дили фарзандашон ҷо карда метавонанд?

ОГОҲӢ НИСБАТИ ИСТИФОДАИ ТАҶҲИЗОТИ ЭЛЕКТРОНӢ

Таҷҳизоти электронӣ ба осонӣ вақтеро дуздида метавонад, ки барои мустаҳкам кардани оила бояд ҷудо карда шавад. Волидон барои худ ва фарзандонашон муайян карда метавонанд, ки барои истифодаи таҷҳизоти электронӣ чӣ қадар вақт сарф кунанд. Ҳамчунин волидон бояд муайян кунанд, ки кӯдаконашон ба воситаи интернет бо кӣ ва чӣ қадар муошират мекунанд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан