БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Шумо дар интернет бо кӣ дӯстӣ мекунед?
Дар як луғат калимаи «дӯстӣ» чун «дилбастагӣ ё эҳтиром ба касе» маънидод шудааст. Масалан, баъди он ки Довуд Ҷолётро кушт, ӯву Юнотон дӯсти ҷонӣ шуданд (1Пш 18:1). Ҳар дуи онҳо хислатҳое доштанд, ки ба якдигарашон маъқул буд. Мисоли онҳо нишон медиҳад, ки барои бо касе дӯст шудан ӯро нағз шинохтан лозим аст ва ин вақту қувватро талаб мекунад. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо як бор зер кардани тугмачаи мушак бо касе «дӯст» шудан мумкин аст. Одамон метавонанд дар интернет кӣ буданашонро пинҳон карда худро одами нағз нишон диҳанд. Аз ин рӯ хуб мебуд, ки пеш аз касеро ба дӯстӣ қабул кардан нағзакак фикр кунем. Вақте шахси ношинос ба шумо дархости дӯстӣ фиристад, аз рад кардани он натарсед ва фикр накунед, ки дилаш меранҷад. Баъзеҳо барои худро аз хатар эмин доштан қарор карданд, ки умуман шабакаҳои иҷтимоиро истифода намебаранд. Агар шумо шабакаҳои иҷтимоиро истифода баред, чиро бояд дар ёд доред?
ВИДЕОНАВОРИ «ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ. КАЛЛАРО КОР ФАРМО»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Пеш аз дар шабакаҳои иҷтимоӣ чизе навиштан ё мондани суратҳо дар бораи чӣ фикр кардан даркор?
Чаро дар интернет эҳтиёт шуда дӯст интихоб намудан муҳим аст?
Чаро пешакӣ фикр кардан лозим аст, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ қадар вақт сарф мекунем? (Эф 5:15, 16).