ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД
Намунаҳо барои суҳбат
Маъракаи даъваткунӣ ба Шоми ёдбуд (19 март — 15 апрел)
«Мо бо хурсандӣ шуморо ба як маъракаи махсус даъват карданием. Онро дар тамоми дунё миллионҳо одамон ҷашн мегиранд. Ин Ёдбуди Ҳазрати Исо мебошад, ки ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. (Ба шахс даъватномаро диҳед ё намуди электрониашро фиристед.) Дар ин даъватнома соат ва ҷойи гузарондани ин чорабинӣ [ё чӣ тавр тавассути интернет ба он пайваст шуда метавонед] навишта шудааст. Мо ҳамчунин мехоҳем шуморо ба нутқе даъват кунем, ки як ҳафта пеш аз ин чорабинӣ баргузор мегардад».
Агар шахс шавқ зоҳир кунад. Видеонавори «Ёдбуди Ҳазрати Исо»-ро нишон диҳед [ё пайванди онро фиристед].
Савол барои боздид. Чаро Исо ҷонашро қурбон кард?
Суҳбати аввалa (1–18 март, 16–30 апрел)
Савол. Ҳазрати Исо кӣ буд?
Оят. Юҳ 14:6
Савол барои боздид. Чаро Исо ҷонашро қурбон кард?
Боздидb
Савол. Чаро Исо ҷонашро қурбон кард?
Оят. Мт 20:28
Савол барои боздид. Чӣ тавр миннатдориамонро барои қурбонии Исо нишон дода метавонем?