ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb23 май саҳ. 3
  • Ба худатон бо чашми Яҳува нигаред

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ба худатон бо чашми Яҳува нигаред
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Маводи монанд
  • Оё қарорҳоятон нишон медиҳанд, ки шумо ба Яҳува такя мекунед?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Ҳадшинос бошед — он чиро намедонед, тан гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Яҳува дилшикастагонро шифо мебахшад
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Дар ёд доред, ки Яҳува «Худои зинда» аст
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
mwb23 май саҳ. 3

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ба худатон бо чашми Яҳува нигаред

«Яҳува аз халқи худ хушнуд аст» (Зб 149:4). Ҳарчанд мо нокомилем, Яҳува ба хислатҳои нек ва ба корҳое, ки дар оянда карда метавонем, нигоҳ мекунад. Лекин баъзан ба мо душвор мешавад, ки ба худамон бо чашми Яҳува нигарем. Масалан, аз сабаби муносибати дигарон мо, шояд, худро ночизу нодаркор ҳис кунем. Ё хатоҳои пешинаамонро ба ёд оварда фикр кунем, ки Яҳува моро дӯст намедорад. Чӣ ба мо ёрдам карда метавонад, ки бо чунин ҳиссиёт мубориза барем?

Мо бояд доимо ба худ ёдрас кунем, ки Яҳува мисли одамизод нигоҳ намекунад (1Пш 16:7). Ин маънои онро дорад, ки ӯ дар мо чизҳои хуберо мебинад, ки худамон намебинем. Ба туфайли Китоби Муқаддас мо фаҳмида метавонем, ки Яҳува ба мо чӣ гуна назар мекунад. Барои ин мо бояд дар бораи он оятҳои Китоби Муқаддас ва воқеаҳое мулоҳиза ронем, ки муҳаббати Яҳуваро ба ходимонаш нишон медиҳанд.

ВИДЕОНАВОРИ «ДИЛПУР БОШЕД, КИ ЯҲУВА АЗ ШУМО РОЗИСТ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Мо аз мисоли падару писар дар бораи он ки Яҳува ба мо чӣ гуна назар мекунад, чӣ мефаҳмем?

  • Агар шахси гуноҳкарда муносибаташро бо Яҳува барқарор намуда истода бошад, чӣ тавр худро дилпур сохта метавонад, ки Худо ӯро дӯст медорад? (1Юҳ 3:19, 20).

  • Дар бораи мисоли Довуд ва Еҳушофот мулоҳиза рондан ба бародар чӣ манфиат овард?

Воқеаҳои зерини Китоби Муқаддас моро дилпур месозанд, ки...

Яҳува новобаста ба муносибати дигарон моро дӯст медорад

  • Ҳанӯх (1Мс 5:24; Ибр 11:5; Яҳ 14, 15).

  • Ҳанно (1Пш 1:1–2:11, 18–21, 26).

Яҳува гунаҳкори тавбакардаро мебахшад

  • Менашше (2Вқ 33:1–7, 12, 13).

  • Павлус (1Тм 1:12–16).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан