ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w20 май саҳ. 8-11
  • Ду шоҳи рақиб дар айёми охир

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ду шоҳи рақиб дар айёми охир
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
  • Маводи монанд
  • «Подшоҳи Шимол» дар айёми охир
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
  • Яҳува ошкор мекунад, ки «ба қарибӣ чиҳо бояд ба вуқӯъ ояд»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Кӣ имрӯз «подшоҳи Шимол» аст?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
  • Ошкорсозӣ. Он барои душманони Худо чӣ аҳамият дорад?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
w20 май саҳ. 8-11

Ду шоҳи рақиб дар айёми охир

Баъзе пешгӯйиҳои дар ин ҷо овардашуда воқеаҳоеро тасвир мекунанд, ки қариб дар як замон иҷро мешаванд. Ҳамаи онҳо исбот мекунанд, ки мо дар «замони охир» зиндагӣ мекунем (Дон. 12:4).

Дар ин ҷадвал пешгӯйиҳо оварда шудаанд; он ҳамчунин нишон медиҳад, ки аз соли 1870 то рӯзҳои мо кадом давлатҳо нақши подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷанубро иҷро мекунанд.
  • Ҷадвали 1 аз 4: Пешгӯйиҳои бо охирзамон алоқаманд, ки қариб дар як замон иҷро шуданд; ин ҷадвал воқеаҳои тахминан солҳои 1870–1918-ро дар бар мегирад. Солҳои баъди 1914 чун айёми охир қайд шудаанд. Пешгӯйии 1: Ҳайвони ваҳшии ҳафткалла, ки таърихи пайдошавиаш дар аввали ҷадвал тасвир шудааст. Дар давоми Ҷанги якуми ҷаҳон сари ҳафтуми он ҳайвон захмӣ мегардад. Аз соли 1917 сар карда сари захмишуда шифо меёбад ва ҳайвони ваҳшӣ аз нав бақувват мешавад. Пешгӯйии 2: Баъди соли 1870 подшоҳи Шимол ва подшоҳи Ҷануб боз пайдо гаштанд. Соли 1871 подшоҳи Шимол дар симои нав пайдо шуд, ки ин Германия буд. Подшоҳи Ҷануб аввал дар симои Бритониёи Кабир пайдо шуд, вале соли 1917 ҷойи онро давлати абарқудрати Англо–Амрико гирифт. Пешгӯйии 3: Аз соли 1870 сар карда Ч. Рассел ва ҳамроҳонаш чун «қосиди» пешгӯйишуда амал карданд. Аз аввали солҳои 1880-ум сар карда «Бурҷи дидбонии Сион» хонандагонашро ба мавъизаи хушхабар даъват мекард. Пешгӯйии 4: Аз соли 1914 сар карда мавсими дарав оғоз шуд; алафи бегона аз гандум ҷудо карда мешавад. Пешгӯйии 5: Аз соли 1917 сар карда пойҳои иборат аз оҳану гил пайдо мешаванд. Ҳамчунин тасвир шудаанд: Воқеаҳои ҷаҳонии солҳои 1914–1918, Ҷанги якуми ҷаҳонӣ. Воқеаҳое, ки ба халқи Яҳува таъсир карданд: солҳои 1914–1918 Тадқиқтотчиёни Китоби Муқаддас дар Бритониё ва Германия ҳабс шуданд. Соли 1918 дар ИМА бародароне, ки дар идораи марказӣ хизмат мекарданд, ҳабс шуданд.
    Пешгӯйии 1.

    Оятҳо: (Ваҳй 11:7; 12:13, 17; 13:1–8, 12)

    Пешгӯйӣ: «Ҳайвони ваҳшӣ» беш аз 3000 сол боз дар замин тохту тоз дорад. Дар айёми охир, сари ҳафтуми он захмӣ мешавад. Баъдтар он шифо меёбад ва «тамоми сокинони замин» аз паси он ҳайвон равона мешаванд. Шайтон он ҳайвонро истифода мебарад, то «бо боқии насли зан» ҷанг кунад.

    Иҷрошавӣ: Баъди Тӯфон ҳокимиятҳои одамӣ пайдо шуданд, ки ба Яҳува муқобилат мекарданд. Чанд аср пас, яке аз ин ҳокимиятҳои пурқудрат — империяи Бритониё дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ қувваташро гум кард. Аммо вақте ки он «калла»-и захмишуда бо ИМА як шуд, аз нав шифо ёфт. Хусусан дар давоми айёми охир Шайтон тамоми системаи сиёсии худро барои таъқиб кардани халқи Худо истифода мебарад.

  • Пешгӯйии 2.

    Оятҳо: (Дон. 11:25–45)

    Пешгӯйӣ: Дар айёми охир шоҳи Шимол ва шоҳи Ҷануб бо ҳам рақобат мекунанд.

    Иҷрошавӣ: Германия ва давлати Англо-Амрико бо ҳам ҷанг карданд. Соли 1945 Иттифоқи Шӯравӣ бо ҳамаҳдонаш подшоҳи Шимол гашт. Соли 1991 Иттифоқи Шӯравӣ барҳам хӯрд ва бо гузашти вақт Русия бо ҳамаҳдони худ шоҳи Шимол шуд.

  • Пешгӯйии 3.

    Оятҳо: (Иш. 61:1; Мал. 3:1; Луқ. 4:18)

    Пешгӯйӣ: Яҳува «қосиди Худро» мефиристад, то ки пеш аз барпо шудани Подшоҳии Масеҳоӣ роҳро тайёр кунад. Он «қосид» эълон кардани хушхабарро сар кард.

    Иҷрошавӣ: Аз соли 1870 Ч. Рассел ва ҳамроҳонаш ба омӯзиши чуқури Китоби Муқаддас шурӯъ карданд, то фаҳманд, ки он дар асл чиро таълим медиҳад. Соли 1881 онҳо дарк карданд, ки хизматгорони Худо бояд мавъиза кунанд. Чунин мақолаҳо ба монанди «1000 воиз даркор аст» ва «Барои мавъиза тадҳин шудаанд» нашр шуданд.

  • Пешгӯйии 4.

    Оятҳо: (Мат. 13:24–30, 36–43)

    Пешгӯйӣ: Душман дар киштзоре, ки гандум кошта шудааст, тухми алафи бегонаро мекорад. Он сабзида гандумро номаълум мекунад. Сипас дар мавсими дарав гандум аз алафи бегона ҷудо карда мешавад.

    Иҷрошавӣ: Аз соли 1870 сар карда фарқ байни масеҳиёни ҳақиқӣ ва масеҳиёни дурӯғ торафт аён гашт. Дар айёми охир масеҳиёни ҳақиқӣ ҷамъ оварда шуда аз масеҳиёни дурӯғ ҷудо карда мешаванд.

  • Пешгӯйии 5.

    Оятҳо: (Дон. 2:31–33, 41–43)

    Пешгӯйӣ: Пойҳои аз гилу оҳан омехта аз они ҳайкале мебошанд, ки аз металлҳои гуногун иборат аст.

    Иҷрошавӣ: «Гил» шаҳрвандони одии Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидаро тасвир мекунад, ки бар зидди ҳокимият шӯриш ва исёнҳо мебардоранд. Маҳз ин элементҳо қуввати оҳанмонанди он давлати абарқудратро суст мекунанд.

  • Ҷадвали 2 аз 4: Пешгӯйиҳои бо охирзамон алоқаманд, ки қариб дар як замон иҷро шуданд; ин ҷадвал воқеаҳои тахминан солҳои 1919–1945-ро дар бар мегирад. Германия то соли 1945 нақши подшоҳи Шимолро иҷро кард. Давлати абарқудрати Англо–Амрико чун подшоҳи Ҷануб амал мекунад. Пешгӯйии 6: Соли 1919 масеҳиёни тадҳиншуда ба ҷамъомади барқароргашта ҷамъ оварда шуданд. Аз соли 1919 инҷониб кори мавъиза авҷ гирифт ва давом дорад. Пешгӯйии 7: Соли 1920 Лигаи миллатҳо ташкил ёфт ва то саршавии Ҷанги дуюми ҷаҳон фаъолият намуд. Ҳамчунин тасвир шудаанд: Пешгӯйии 1, ҳайвони ҳафткаллаи ваҳшӣ то ҳол вуҷуд дорад. Пешгӯйии 5, пойҳои иборат аз оҳану гил то ҳол вуҷуд доранд. Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз солҳои 1939–1945, Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ. Воқеаҳое, ки ба халқи Яҳува таъсир карданд: дар Германия аз с. 1933 то с. 1945 беш аз 11 000 Шоҳидон ҳабс шуданд. Дар Бритониё аз с. 1939 то с. 1945 қариб 1600 Шоҳидон ҳабс шуданд. Дар ИМА аз с. 1940 то с. 1944 беш аз 2 500 бор тӯдаи одамон ба Шоҳидон ҳамла карданд.
    Пешгӯйии 6.

    Оятҳо: (Мат. 13:30; 24:14, 45; 28:19, 20)

    Пешгӯйӣ: «Гандум» ба «анбор» ҷамъ карда мешавад ва «ғуломи бовариноку боандеша» бар «ғуломони дигар» таъйин мегардад. «Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад».

    Иҷрошавӣ: Соли 1919 Худо «ғуломи боваринок»-ро бар халқаш таъйин кард. Аз он вақт сар карда Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас кори мавъизаро пеш бурданд. Имрӯз Шоҳидони Яҳува дар беш аз 200 давлат мавъиза мекунанд ва зиёда ба 1000 забон адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро нашр менамоянд.

  • Пешгӯйии 7.

    Оятҳо: (Дон. 12:11; Ваҳй 13:11, 14, 15)

    Пешгӯйӣ: Ҳайвони ваҳшии душоха ба сокинони замин мегӯяд, ки «ҳайкали ҳайвони ваҳшиеро» созанд ва ӯ ба он ҳайкал «ҳаёт» мебахшад.

    Иҷрошавӣ: Давлати абарқудрати Англо-Амрико дар созмон ёфтани Лигаи Миллатҳо роҳбарӣ мекунад. Дигар халқҳо низ ба ин ташкилот аъзо мешаванд. Оқибат Подшоҳи Шимол низ узви Лигаи Миллатҳо мегардад, вале танҳо дар давоми солҳои 1926–1933. Одамон гумон мекарданд, ки Лигаи Миллатҳо метавонад ба ҷаҳон сулҳу осоиштагӣ орад, ҳарчанд ба ин кор танҳо Подшоҳии Худо қодир аст. Дар бораи Созмони Миллали Муттаҳид низ одамон чунин фикр доранд.

  • Ҷадвали 3 аз 4: Пешгӯйиҳои бо охирзамон алоқаманд, ки қариб дар як замон иҷро шуданд; ин ҷадвал воқеаҳои солҳои 1945–1991-ро дар бар мегирад. Иттифоқи Шӯравӣ ва ҳамаҳдонаш то соли 1991 нақши подшоҳи Шимолро иҷро карданд; баъди он Русия ва ҳамаҳдонаш чун подшоҳи Шимол амал мекунанд. Давлати абарқудрати Англо–Амрико чун подшоҳи Ҷануб амал мекунад. Пешгӯйии 8: Дуди сиёҳи ғафс баъди кафидани бомбаи атомӣ ба харобиҳои даҳшатноке ишора мекунад, ки аз тарафи давлати абарқудрати Англо–Амрико расонда шуд. Пешгӯйии 9: Созмони Миллали Муттаҳид соли 1945 таъсис ёфт ва ҷойи Лигаи миллатҳоро гирифт. Ҳамчунин тасвир шудаанд: Пешгӯйии 1, ҳайвони ҳафткаллаи ваҳшӣ то ҳол вуҷуд дорад. Пешгӯйии 5, пойҳои иборат аз оҳану гил то ҳол вуҷуд доранд. Пешгӯйии 6, соли 1945 шумораи воизон беш аз 156 000 нафар буд. Соли 1991 шумораи воизон беш аз 4 278 000 нафар буд. Воқеаҳое, ки ба халқи Яҳува таъсир карданд: Дар Иттифоқи Шӯравӣ аз соли 1945 то солҳои 1950-ум ҳазорон Шоҳидон ба Сибир бадарға карда шуданд.
    Пешгӯйии 8.

    Оятҳо: (Дон. 8:23, 24)

    Пешгӯйӣ: «Подшоҳи бешарм ва дасисакор» «харобиҳои аҷибе ба амал хоҳад овард».

    Иҷрошавӣ: Давлати абарқудрати Англо-Амрико одамони бисёрро кушта харобиҳои зиёд овард. Масалан, дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Амрико ба давлате, ки душмани худашу Бритониё буд, ду бомбаи атомӣ партофта харобиҳои даҳшатангез ба амал овард.

  • Пешгӯйии 9.

    Оятҳо: (Дон. 11:31; Ваҳй 17:3, 7–11)

    Пешгӯйӣ: Ҳайвони «сурхранг», ки даҳ шох дорад, аз чоҳи бетаг берун меояд ва он подшоҳи ҳаштум аст. Китоби Дониёл ба ин подшоҳ чун ба «қабоҳати харобкунанда» ишора мекунад.

    Иҷрошавӣ: Дар давоми Ҷанги дуюми ҷаҳон Лигаи Миллатҳо аз фаъолият бозмонд. Баъди ҷанг ба ҷойи он Созмони Миллали Муттаҳид ташкил ёфт. Чун ба Лигаи Миллатҳо ба ин созмон низ шаъну шарафе дода мешавад, ки Подшоҳии Худо ба он сазовор аст. Дар оянда СММ ба динҳо ҳамла хоҳад кард.

  • Ҷадвали 4 аз 4: Пешгӯйиҳои бо охирзамон алоқаманд, ки қариб дар як замон иҷро шуданд; ин ҷадвал воқеаҳои аз рӯзҳои мо то Ҳармаҷиддӯнро дар бар мегирад. Русия ва ҳамаҳдонаш нақши подшоҳи Шимолро иҷро мекунанд. Давлати абарқудрати Англо–Амрико чун подшоҳи Ҷануб амал мекунад. Пешгӯйии 10: Ҳокимони сиёсӣ «сулҳу амният» эълон мекунанд. Баъд мусибати бузург сар мешавад. Пешгӯйии 11: Ҳокимиятҳо ба ташкилотҳои динҳои дурӯғ ҳамла меоранд. Пешгӯйии 12: Давлатҳои ҷаҳон ба халқи Худо ҳамла меоранд. Бақияи тадҳиншудагон ба осмон ҷамъ оварда мешаванд. Пешгӯйии 13: Ҳармаҷиддӯн. Савораи аспи сафед ҷанг карда ғалаба ба даст меорад. Ҳайвони ваҳшии ҳафткалла несту нобуд карда мешавад; ҳайкали бузургҷусса ба пойҳои оҳану гилини худ зарба хӯрда афтида пора–пора мегардад. Ҳамчунин тасвир шудаанд: Пешгӯйии 1, ҳайвони ваҳшии ҳафткалла то Ҳармаҷиддӯн боқӣ мемонад. Пешгӯйии 5, пойҳои иборат аз оҳану гил то Ҳармаҷиддӯн боқӣ мемонанд. Пешгӯйии 6, шумораи воизон имрӯз беш аз 8 580 000 аст. Воқеаҳое, ки ба халқи Яҳува таъсир карданд: соли 2017 ҳукуматдорони Русия Шоҳидонро ҳабс намуда биноҳои филиалро мусодира карданд.
    Пешгӯйиҳои 10 ва 11.

    Оятҳо: (1 Тас. 5:3; Ваҳй 17:16)

    Пешгӯйӣ: Ҳокимиятдорон «сулҳу амният» эълон мекунанд ва «даҳ шох ва ҳайвони ваҳшӣ» ба «фоҳиша» ҳамла меоранд ва онро нест мекунанд. Баъди ин худи ҳокимиятҳо низ нест мешаванд.

    Иҷрошавӣ: Роҳбарони сиёсӣ арз мекунанд, ки сулҳу амният ба даст овардаанд. Сипас давлатҳое, ки аъзои Созмони Миллали Муттаҳиданд, ташкилотҳои дини дурӯғро нест мекунанд. Ин воқеа аломати саршавии мусибати бузург мешавад. Он мусибат бо нобудшавии қисмҳои боқимондаи ҷаҳони Шайтон, яъне бо Ҳармаҷиддӯн ба охир мерасад.

  • Пешгӯйии 12.

    Оятҳо: (Ҳиз. 38:11, 14–17; Мат. 24:31)

    Пешгӯйӣ: Ҷуҷ ба замини халқи Худо ҳамла меорад. Сипас фариштагон «интихобшудагонро» ҷамъ меоранд.

    Иҷрошавӣ: Подшоҳи Шимол якҷоя бо дигар давлатҳои ҷаҳон ба халқи Худо ҳамла меорад. Чанде пас аз саршавии ин ҳамла бақияи тадҳиншудагон ба осмон бурда мешаванд.

  • Пешгӯйии 13.

    Оятҳо: (Ҳиз. 38:18–23; Дон. 2:34, 35, 44, 45; Ваҳй 6:2; 16:14, 16; 17:14; 19:20)

    Пешгӯйӣ: Савораи «аспи сафед» бо Ҷуҷ ва лашкари он ҷанг карда ғолиб меояд. «Ҳайвони ваҳшӣ» ба «кӯли оташ» партофта мешавад ва ҳайкали калон аз пешгӯйии Дониёл шикаста пора-пора мегардад.

    Иҷрошавӣ: Исо, ки чун Шоҳ дар Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст, барои наҷот додани халқи Яҳува меояд. Ҳамроҳи 144 000 тадҳиншудагон ва лашкари фариштагон ӯ ҳамаи онҳоеро, ки ба халқи Худо ҳамла меоранд, нобуд мекунад. Бо ҳамин ҷаҳони Шайтон нест мешавад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан