ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp21 № 1 саҳ. 8-9
  • Чаро Худо на ба ҳамаи дуоҳо ҷавоб медиҳад?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чаро Худо на ба ҳамаи дуоҳо ҷавоб медиҳад?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
  • Маводи монанд
  • Дар дуо ба Худо наздик шавед
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Чӣ тавр бояд дуо гӯем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Дуо шуморо ба Худо наздик мекунад
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Қисми 11
    Худоро гӯш кунед
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
wp21 № 1 саҳ. 8-9

Чаро Худо на ба ҳамаи дуоҳо ҷавоб медиҳад?

Падари осмонии мо — Яҳува Худо бо омодагӣ ва хушнудӣ дуоҳои самимии моро гӯш мекунад. Вале баъзе чизҳое ҳастанд, ки Ӯро аз ҷавоб додан ба дуоҳоямон бозмедоранд. Ин кадом чизҳоянд ва ҳангоми дуо гуфтан мо бояд чиро дар ёд дорем? Дар поён баъзе дастурҳо аз Китоби Муқаддас оварда шудаанд:

Як гурӯҳ одамон дар калисо аз китоби дуоҳо баланд дуо хонда истодаанд.

«Вақте дуо мегӯед... гаштаву баргашта як чизро такрор накунед» (Матто 6:7).

Яҳува намехоҳад, ки мо дуоҳоро аз ёд карда такрор ба такрор гӯем ё аз китоби дуоҳо хонем. Ӯ мехоҳад, ки мо дар дуо чизеро, ки дар диламон ҳаст, ҳамонро гӯем. Мисол, агар дӯстатон айнан як суханро ҳар рӯз ба шумо такрор кардан гирад, магар аз ин дилгир намешудед? Одатан дӯстони хуб кушоду равшан ва самимона гап мезананд. Вақте мо бо суханони худ ба Падари осмониамон дуо мегӯем, ин нишон медиҳад, ки мо Ӯро дӯсти худ меҳисобем.

Марде ба боло нигоҳ карда чиптаи лотереяро харошида истодааст.

«Вақте хоҳиш мекунед, ба даст намеоред, зеро бо нияти бад... мепурсед» (Яъқуб 4:3).

Агар мо аз Худо барои корҳое барор пурсем, ки Ӯ бад мебинад ё чизҳое талабем, ки дар чашми Худо норавоянд, Ӯ ба чунин дуоҳо, албатта, ҷавоб намедиҳад. Масалан, шахс қиморбозӣ мекунад ва ба Худо дуо мегӯяд, ки бахташ омад кунаду бурд намояд. Оё Худо ба чунин дуо ҷавоб медиҳад? Не. Чунки Ӯ равшан огоҳ кардааст, ки мо чашмгурусна набошем ва ба чизҳои ғайривоқеӣ, аз ҷумла ба иқболу толеъи баланд, бовар накунем (Ишаъё 65:11; Луқо 12:15). Мо наметавонем умедвор шавем, ки Худо ба чунин дуоҳо ҷавоб медиҳад. Аз ин рӯ вақте дуо мегӯем, мо бояд боварӣ дошта бошем, ки чизе ки аз Худо талаб мекунем, ба суханоне, ки дар Каломаш гуфта шудааст, мувофиқат мекунад.

Рӯҳоние барои як гурӯҳ сарбозон дуо мегӯяд.

«Касе ки гӯши худро аз шунидани шариат дур кунад, дуои вай низ зишт аст» (Масалҳо 28:9).

Дар замонҳои қадим Худо ба дуои онҳое, ки қонунҳои одилонаи Ӯро поймол мекарданд, ҷавоб намедод (Ишаъё 1:15, 16). Ӯ то ҳол дигар нашудааст (Малокӣ 3:6). Агар мо хоҳем, ки Худо ба дуоҳои мо ҷавоб диҳад, мо бояд ҳаматарафа кӯшиш кунем, ки мувофиқи қонунҳои Ӯ зиндагӣ кунем. Лекин, агар мо дар гузашта ба корҳои нодуруст даст зада бошем-чӣ? Оё барои ин шуда Яҳува моро ҳеҷ гоҳ гӯш намекунад? Албатта не! Агар мо тавба карда ислоҳ шавем ва минбаъд ба таври ба Ӯ писанд рафтор кунем, Ӯ меҳрубонона моро мебахшад (Аъм. 3:19).

«Ҳар кӣ ба Худо наздик мешавад, бояд боварӣ дошта бошад, ки Ӯ вуҷуд дорад ва ба онҳое, ки Ӯро аз таҳти дил мекобанд, мукофот медиҳад» (Ибриён 11:6).

Зане Китоби Муқаддас мехонад.

Баъзеҳо барои он дуо мегӯянд, ки ҳангоми ташвиш ё зиқӣ худро ором кунанд. Лекин мо бояд на танҳо барои ин дуо гӯем. Дуо қисми ибодат аст ва бо он мо имону эҳтироми худро ба Парвардигор нишон медиҳем. Яъқуб — шогирди ҳазрати Исо қайд кард, ки агар «бо имон» дуо нагӯем, наметавонем интизор шавем, ки «аз Яҳува чизе ба даст» меорем (Яъқуб 1:6, 7). Барои ба Худо имони бештар пайдо кардан, мо бояд вақт ва қувват сарф карда Китоби Муқаддасро омӯзиш кунем. Он гоҳ мо Худоро хубтар шинохта мефаҳмем, ки чӣ ба Ӯ маъқул асту чӣ не. Сипас мувофиқи чизи фаҳмидаамон бо боварӣ ба Ӯ дуо гуфта метавонем.

НОУМЕД НАШАВЕД!

Ҳарчанд на ҳамаи дуоҳоро Худо мустаҷоб мегардонад, Ӯ дуоҳои самимии миллионҳо одамонро мешунавад ва ҷавоб медиҳад. Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки барои он ки дуоҳоятон ба Худо писанд бошанд, бояд чӣ кор кунед. Ба ин савол мақолаи навбатӣ ҷавоб медиҳад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан