ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp21 № 1 саҳ. 14-15
  • Дуо ба шумо чӣ тавр ёрӣ медиҳад?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дуо ба шумо чӣ тавр ёрӣ медиҳад?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
  • Маводи монанд
  • Дар дуо ба Худо наздик шавед
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Чӣ тавр бояд дуо гӯем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Дуо шуморо ба Худо наздик мекунад
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Оё Худо дуоҳои моро мешунавад?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
wp21 № 1 саҳ. 14-15

Дуо ба шумо чӣ тавр ёрӣ медиҳад?

Зане бо номи Памела бо бемории ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд ва барои муолиҷа аз духтурони баландихтисос кӯмак ҷуст. Вале ӯ ҳамчунин ба Худо дуо гуфта қувват мепурсид, ки ба ин вазъияти душвораш тоб орад. Оё дуо ба вай кӯмак кард?

«Ҳангоми табобати саратон маро бисёр вақт тарсу ваҳм фаро мегирифт,— мегӯяд Памела.— Аммо вақте ман ба Яҳува Худо дуо мегуфтам, дилам тинҷ ва фикрҳоям ҷо ба ҷо мешуданд. Ман ҳоло ҳам аз дарди зиёд азоб мекашам, вале дуо ба ман ёрдам мекунад, ки дар бораи чизҳои хуб фикр кунам. Вақте одамон маро аҳволпурсӣ мекунанд, ман мегӯям: “Ман худро нағз ҳис намекунам, вале дилам зиқ нест”».

Албатта, шарт нест, ки мо танҳо баъди бо душвориҳои ҷиддӣ дучор шудан ба Худо дуо гӯем. Ҳамаи мо хоҳу нохоҳ бо ҳар гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавем ва барои тоб овардан ба онҳо ба ёрӣ мӯҳтоҷ мегардем. Дуо ба мо чӣ тавр кӯмак карда метавонад?

Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Бори дилатро ба Худованд парто, ва Ӯ ба ту ғамхорӣ хоҳад кард. Ӯ ҳаргиз нахоҳад гузошт, ки одил фурӯ ғалтад» (Забур 55:22). Чӣ фикри тасаллибахш, ҳамин тавр-не?

Хӯш, дуо ба шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонад? Вақте ба Худо бо тарзи дуруст дуо мегӯед, Ӯ барои тоб овардан ба мушкилиҳоятон ёрии лозимаро мерасонад. Ба чорчӯбаи «Манфиате, ки дуо меорад» нигаред.

Манфиате, ки дуо меорад

Оромии ботинӣ

Соҳибкоре, ки пештар корашро аз даст дода буд, хурсандона ва бо боварӣ роҳ рафта истодааст.

«Хоҳишҳои худро ба Худо маълум созед, он гоҳ осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили шуморо ба воситаи Исои Масеҳ муҳофизат мекунад» (Филиппиён 4:6, 7). Вақте шумо дилатонро ба Худо холӣ карда ташвишҳои худро баён мекунед, Ӯ ба шумо кӯмак мекунад, ки ором монед ва дар ҳолати изтироб бохирадона рафтор кунед.

Хиради Худо

Зане, ки пештар аз китоби дуоҳо баланд дуо хонда истода буд, дар хонааш Китоби Муқаддас мехонад.

«Агар касе дар байни шумо аз хирад камӣ дошта бошад, бигзор онро пайваста аз Худо пурсад ва ба вай дода мешавад, зеро Худо ба ҳама бо саховатмандӣ ва таъна накарда медиҳад» (Яъқуб 1:5). Дар вақти ошуфтагию парешонҳолӣ мо баъзан қарорҳои нодуруст мебарорем. Вале, агар дуо гуфта аз Худо хирад пурсем, Ӯ метавонад ба мо бисёр принсипҳои муфидро аз Каломаш — Китоби Муқаддас хотиррасон кунад.

Қувват ва тасаллӣ

Ҷуфте, ки пештар дар беморхона буданд, ҳоло дар боғ якҷоя сайругашт доранд. Шавҳар ба занаш бо меҳрубонӣ кӯмак карда истодааст, то ки ӯ бо асо роҳ гашта тавонад.

«Бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиро паси сар карда метавонам» (Филиппиён 4:13). Яҳува Худои пурқудрат аст ва Ӯ метавонад ба шумо қуввати лозима бахшад, ки душвориҳоятонро ҳал кунед ё ба онҳо тоб оред (Ишаъё 40:29). Китоби Муқаддас Яҳуваро ҳамчунин «Худои ҳар тасалло» меномад. Ӯ қодир аст, ки «моро дар ҳамаи азобу уқубатҳоямон» тасаллӣ бахшад (2 Қӯринтиён 1:3, 4).

БА ХУДО ДУО ГӮЕД

Албатта, Яҳува шуморо ба дуо гуфтан маҷбур намекунад. Баръакс, Ӯ меҳрубонона шуморо даъват мекунад, ки ба Ӯ муроҷиат кунед (Ирмиё 29:11, 12). Лекин, чӣ агар шумо пеш ҳис карда будед, ки Худо ба дуоҳоятон ҷавоб надод? Рӯҳафтода ва ноумед нашавед. Волидони ғамхор ба фарзандонашон, шояд, на он тавре кӯмак кунанд, ки фарзандон мехоҳанд. Ё агар фарзандон чизеро хоҳиш кунанд, он дархосташонро шояд на дар он фурсате, ки онҳо интизоранд, ба ҷо оранд. Чунки волидон эҳтимол роҳи беҳтари ҳалли масъаларо медонанд. Чизе набошад, бе дудилагӣ метавон гуфт, ки онҳо ғамхоранд ва ба фарзандонашон ҳатман кӯмак мекунанд.

Яҳува Худо падари беҳтарин аст, ки фарзандонашро беҳад дӯст медорад ва Ӯ ба шумо низ кӯмак кардан мехоҳад. Мо дар ин маҷалла оиди дуо якчанд дастуроти Китоби Муқаддасро дида баромадем. Агар шумо онҳоро бодиққат омӯхта, барои дар амал ба кор бурдан кӯшиш кунед, Худо ба дуоҳоятон ба таври беҳтарин ҷавоб хоҳад дод (Забур 34:15; Матто 7:7–11).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан