ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w21 феврал саҳ. 25
  • Як табассум онҳоро ба ҳақиқат ҷалб кард!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Як табассум онҳоро ба ҳақиқат ҷалб кард!
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
  • Маводи монанд
  • «Натиҷаҳои мавъиза бо аробачаи адабиётдор»
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2018)
  • Масеҳиёни ҳақиқӣ бо муҳаббати худ аз дигарон фарқ мекунанд. Ягонагиро нигоҳ доред
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2018)
  • Худо мехоҳад, ки занҳоро ҳурмату иззат кунанд
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Лаб бо табассум зебост!
    Бедор шавед!—2017
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
w21 феврал саҳ. 25

Як табассум онҳоро ба ҳақиқат ҷалб кард!

Ҳелен дар назди аробачаи адабиётдор истодааст ва табассум мекунад. Ду ҷавондухтар аз наздаш гузашта рафта истодаанд.

РӮЗЕ ду ҷавондухтар аз хиёбони серодами шаҳри Багио (Филиппин) мегузаштанд. Нохост чашмашон ба аробачаи адабиётдори Шоҳидони Яҳува афтид, вале онҳо ба наздаш нарафтанд. Ҳелен, хоҳари мо, ки дар назди аробачаи адабиётдор меистод, ба онҳо бо табассуми ширине нигоҳ кард. Духтарон роҳашонро давом доданд, вале табассуми гарми Ҳелен дар хотирашон нақш баст.

Баъдтар, вақте он ҷавондухтарон бо автобус ба хонаашон мерафтанд, дар роҳ ибодатгоҳи Шоҳидони Яҳуваро диданд, ки дар пештоқаш бо ҳарфҳои калон jw.org навишта шуда буд. Онҳо ба хотир оварданд, ки чанде пеш дар аробачаи адабиётдори Шоҳидон низ чунин навиштаҷотро дида буданд. Он духтарон аз автобус фаромада ба назди ибодатгоҳ омаданд ва диданд, ки дар даромадгоҳ ҷадвали вохӯриҳое, ки он ҷо мегузашт, часпонда шудааст.

Он ду ҷавондухтар Ҳеленро дар ибодатгоҳ дида табассум доранд.

Он ду ҷавондухтар ба яке аз вохӯриҳои навбатӣ омаданд. Ва медонед онҳо дар он ҷо киро диданд? Ҳеленро! Онҳо ӯро даррав аз табассуми самимиаш шинохтанд. Ҳелен мегӯяд: «Вақте дидам, ки онҳо ба пеши ман омада истодаанд, каме хавотир шудам, фикр кардам, ки мумкин ягон кори хато кардаам». Лекин он ду духтар гуфтанд, ки аз ин пеш ӯро назди аробачаи адабиётдор дида буданд, барои ҳамин шинохтанд.

Ҳамон рӯз он ду ҷавондухтар аз вохӯрӣ ва муошират бо бародару хоҳарон баҳра бурданд ва худро бо онҳо бароҳат ҳис карданд. Пас аз ҷамъомад вақте дигарон толорро рӯбучин мекарданд, он духтарон низ кӯмаки худро пешниҳод карданд. Баъдтар, яке аз онҳо аз Филиппин кӯчида рафт, вале дигараш ба вохӯриҳо меомадагӣ шуд ва омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Ва ба ҳамаи ин як табассуми самимии хоҳарамон сабаб шуд!

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан