ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w21 июл саҳ. 26-29
  • Ҳаёти хушбахтонаи ман дар хизмати Яҳува

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҳаёти хушбахтонаи ман дар хизмати Яҳува
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
  • Зерсарлавҳаҳо
  • БА АФРИҚОИ ҶАНУБӢ РОҲСИПОР МЕШАВАМ
  • ОИЛАДОРӢ ВА ТАЪЙИНОТИ НАВ
  • БОЗГАШТ БА БАЙТ-ИЛ
  • БА ШӮЪБАИ ЧОПКУНӢ БАРМЕГАРДАМ
  • БОЗ ЯК ТАЪЙИНОТИ НАВ
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
w21 июл саҳ. 26-29
Ҷон ва Лора Кикот.

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Ҳаёти хушбахтонаи ман дар хизмати Яҳува

НАҚЛ КАРД ҶОН КИКОТ

Кори якуми ман дар Байт-Или Канада тоза кардани фарши чопхона буд. Ман хизмати Байт-Илро соли 1958, вақте ки 18-сола будам, сар кардам. Ҳаётам шавқовар буд. Каме пас ман бо дастгоҳе кор мекардам, ки баъди тайёр шудани маҷаллаҳо қисми зиёдатии онҳоро мебурид. Ман беҳад хурсанд будам, ки дар Байт-Ил ҳастам.

Баъди як соли хизматам, дар Байт-Ил эълон карданд, ки дар филиали Африқои Ҷанубӣ ихтиёриён даркоранд, зеро дар он ҷо дастгоҳи калони чопкунии нав гузошта мешуд. Ман худро номнавис кардам ва вақте ки маро интихоб карданд, дар ҳаяҷон будам. Се бародари дигар низ аз Байт-Или Канада интихоб шуданд: Денис Лич, Билл Маклеллан ва Кен Нордин. Мо медонистем, ки ба Африқои Ҷанубӣ рафта дар он ҷо вақти бисёр мемонем.

Ман ба модарам занг зада гуфтам: «Модар, ман як хушхабар гуфтаниам. Ман ба Африқои Ҷанубӣ меравам!» Модарам зани орому ҳалим, вале ҳамзамон имонаш мустаҳкам ва муносибаташ бо Яҳува хеле наздик буд. Ӯ бисёр гап назад, лекин медонистам, ки ӯ маро дастгирӣ мекунад. Ҳарчанд падару модарам барои ба ҷойи дур рафтанам, зиқ шуданд, онҳо пеши роҳи маро намегирифтанд.

БА АФРИҚОИ ҶАНУБӢ РОҲСИПОР МЕШАВАМ

Дар қатора Кейптаун ба Ёханнесбург бо Денис Лич, Кен Нордин ва Билл Маклеллан соли 1959 равонаем

Ҳар чори мо, ки соли 60-ум дӯст шуда будем, соли 2019 дар Африқои Ҷанубӣ вохӯрдем

Аввал мо ба Байт-Или Бруклин рафта дар он ҷо давоми се моҳ як намуди чопкуниро ёд гирифтем. Сипас мо ба киштии боркаш савор шуда ба Кейптауни Африқои Ҷанубӣ равона шудем. Он вақт ман ҳанӯз 20-сола будам. Аз Кейптаун мо бояд ба Ёханнесбург мерафтем, барои ҳамин бегоҳӣ ба қатора савор шудем. Ҳангоми дамидани субҳ қатора ба якум истгоҳ, ба шаҳраки Кару расид. Ин шаҳрак дар нимбиёбон ҷойгир аст ва ҳавояш тафсону пури чанг буд. Ҳар чори мо аз тиреза нигоҳ карда фаҳмидан мехостем, ки ин чӣ хел ҷой бошад ва таъйиноти нави мо чӣ гуна аст. Баъдтар, вақте ки мо боз ба ин минтақа омадем, ба қадри чунин ҷойҳои хушрӯю ором расидем.

Якчанд соли аввали хизматам дар филиали Африқои Ҷанубӣ ман бо дастгоҳи мураккаби Линотип кор кардам. Ман барои чоп кардани маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» хатҳоро қатор-қатор мегузоштам. Филиали мо на танҳо барои Африқои Ҷанубӣ, балки барои бисёр забонҳои африқоӣ низ маҷаллаҳоро чоп мекард. Аз ин рӯ дастгоҳи нави чопкунӣ, ки ба хотири он мо ними ҷаҳонро тай карда ба ин ҷо омадем, ба хубӣ истифода бурда шуд.

Баъдтар ман дар шӯъбаи кор бо тарҷума, чоп кардан ва равон кардани адабиёт хизмат мекардам. Ман хеле серкор будам, лекин ҳаётам пурмаънову қонеъкунанда буд.

ОИЛАДОРӢ ВА ТАЪЙИНОТИ НАВ

Ману Лора дар хизмати пешрави махсус (с. 1968)

Ман соли 1968 бо Лора Боуэн ном хоҳари пешраве, ки дар наздикии Байт-Ил зиндагӣ мекард, оиладор шудам. Ӯ боз дар Шӯъбаи тарҷумонӣ матнҳоро чоп мекард. Дар он вақтҳо навхонадорон дар Байт-Ил монда наметавонистанд, аз ин рӯ моро пешрави махсус таъйин карданд. Ман каме хавотир будам, ки чӣ хел зиндагӣ мекунем. Зеро Байт-Ил маро 10 сол бо хурду хӯрок ва сарпаноҳ таъмин мекард. Акнун фикр мекардем, ки чӣ хел бо пули кам, ки барои пешравони махсус медиҳанд, худро таъмин мекунем. Ҳар моҳ агар мо талаботи соатҳо, боздидҳо ва адабиётро ба ҷо меовардем, ба ҳар яки мо маблағе медоданд, ки тақрибан ба 35 доллари амрикоӣ баробар буд. Мо бояд ин пулҳоро барои додани иҷорапулӣ, роҳкиро, харидани хӯрок, табобат ва дигар чизҳо мерасондем.

Моро ба гурӯҳи хурде таъйин карданд, ки он дар наздикии шаҳри Дурбан, дар соҳили Уқёнуси Ҳинд, ҷойгир аст. Дар он ҷо мардуми зиёди ҳиндӣ зиндагӣ мекарданд. Бисёри онҳо насли коргароне буданд, ки охири асри 19 барои кор ба замини найшакар рафтанд. Ҳоло онҳо бо дигар кор машғуланд, вале маданият ва хӯрокҳои миллии худ, аз он ҷумла хӯроки бомазаи кариро нигоҳ доштанд. Азбаски ҳиндуҳои он ҷо бо забони англисӣ гап мезаданд, ба онҳо мавъиза кардан бароямон осон буд.

Он вақт пешравони махсус ҳар моҳ 150 соат хизмат мекарданд, барои ҳамин ману Лора мақсад мондем, ки рӯзҳои аввал шаш соат хизмат мекунем. Ҳаво гарму рутубатнок буд. Мо на боздид доштем, на омӯзиш. Шаш соат фақат хона ба хона мавъиза мекардем. Дар ёд дорам, вақте якум бор хизматро сар кардем, баъди чанде ба соат нигоҳ кардем, ки нав 40 дақиқа гузаштааст. Ман хавотир будам, ки бо ин аҳвол чӣ тавр хизмати пешравиро уҳда мекарда бошем.

Баъдтар мо ба ин нақшаи хизмат одат кардем. Мо ҳар рӯз бо худ хӯрок ва қаҳва мегирифтем. Вақте дам гирифтанӣ мешудем, мо дар назди мошинамон, дар сояи ягон дарахт менишастем, баъзан кӯдакони дӯстрӯяки ҳиндӣ ба мо кунҷкобона нигоҳ мекарданд. Чанд рӯз пас мо фаҳмидем, ки баъди ду-се соати хизмат боқимондаашро кардан осон аст.

Ба мардуми меҳмондӯсти ин минтақа хушхабарро расондан ба мо хеле хурсандӣ мебахшид. Онҳо хушмуомила, меҳрубон ва худотарс буданд. Бисёри онҳо хушхабарро қабул мекарданд. Мардуми он ҷо дар бораи Яҳува, Исо, Китоби Муқаддас, дунёи нав ва эҳёшавӣ дониш гирифтанро дӯст медоштанд. Баъди як сол мо бо 20 нафар омӯзиш мегузарондем. Ҳар рӯз мо хӯроки нисфирӯзиро бо кадом оилае, ки омӯзиш мегузарондем, якҷоя мехӯрдем. Мо беҳад хурсанд будем.

Вале дере нагузашта таъйиноти мо дигар шуд. Маро дар минтақаҳои зебои Уқёнуси Ҳинд нозири ноҳиявӣ таъйин намуданд. Ҳар ҳафта мо дар хонаи як оила меҳмон мешудем ва бо воизони ҷамоат ҳамкорӣ карда онҳоро рӯҳбаланд менамудем. Онҳо ба мо мисли аъзои оилаашон муносибат менамуданд ва мо хурсанд будем, ки бо онҳо, бо фарзандонашон вақт гузарондем. Ҳамин тавр ду соли ҳаёти шавқоварамон даррав гузашт. Баъд аз филиал ба мо баногоҳ занг зада гуфтанд: «Мо шуморо даъват карданӣ будем, ки аз нав дар Байт-Ил хизмат кунед». Ман ҷавоб додам: «Медонед, ба мо дар ин ҷо хизмат кардан хеле маъқул аст». Вале, албатта, мо тайёр будем, ки моро ба куҷое таъйин накунанд, хизмат кунем.

БОЗГАШТ БА БАЙТ-ИЛ

Таъйиноти ман дар Байт-Ил бо Шӯъбаи хизматӣ алоқаманд буд, ки дар он ҷо бо бисёр бародарони бохираду ботаҷриба ҳамкорӣ мекардам. Нозири ноҳиявӣ баъд аз хабар гирифтани ҷамоатҳо ба филиал ҳисобот равон мекунад. Дар он рӯзҳо Шӯъбаи хизматӣ дар асоси он ҳисобот ба ҷамоат нома мефиристод. Ба воситаи ин номаҳо бародарону хоҳаронро рӯҳбаланд мекарданд ва ба онҳо дастуроти зарурӣ медоданд. Котибони Шӯъбаи хизматӣ сахт меҳнат карда ҳисоботҳои нозирони ноҳиявиро аз забони кхоса, зулу ва дигар забонҳо ба забони англисӣ тарҷума мекарданд, баъд онҳо номаҳои филиалро аз англисӣ ба забонҳои африқоӣ тарҷума мекарданд. Ман аз заҳмати он бародарон, ки дар хизмати Яҳува мекарданд, хеле миннатдорам. Зеро ба туфайли меҳнати онҳо ман аз душвориҳои бародарону хоҳарони сиёҳпӯстамон дар Африқо хабардор шудам.

Он вақт ҳукумати Африқои Ҷанубӣ зери таъсири апартеид қарор дошт. Ин маънои онро дошт, ки ҳар як нажод дар минтақаи муайяни худаш бояд зиндагӣ мекард. Аз ин рӯ одамони гуногуннажод бо ҳам кам рафтуомад мекарданд. Бародарони сиёҳпӯсти африқоиямон бо забонҳои худашон гап мезаданд, ба забонҳои худашон мавъиза менамуданд ва ба ҷамъомадҳое мерафтанд, ки бо забони худашон мегузашт.

Ман бисёр бародарони сиёҳпӯсти Африқоро намешинохтам, чунки ҳамеша ҷамоатҳоеро хабар мегирифтам, ки бо забони англисӣ гап мезаданд. Он вақт имконият доштам, ки дар бораи маданият ва урфу одати он бародарон фаҳмам. Ман дар бораи душвориҳои бародаронамон, ки аз боиси урфу одат ва динашон рӯ ба рӯ мешуданд, маълумот гирифтам. Ба далерии онҳо ман қоил мешудам. Онҳо амалҳои ҷодугарона ва урфу одатҳоеро, ки зидди Навиштаҳо буданд, рад менамуданд, ҳатто барои ин аз тарафи аъзои оила ва ҳамқишлоқиёнашон сахт таъқиб карда мешуданд. Дар минтақаҳои дурдаст бошад, одамон хеле камбағал буданд. Бисёриҳо камсавод ё тамоман дар мактаб нахонда буданд. Лекин Китоби Муқаддасро эҳтиром менамуданд.

Барои ман дар баъзе масъалаҳои судӣ, ки бо озодона ибодат кардани Яҳува ва нигоҳ доштани бетарафӣ алоқаманд буд, иштирок кардан шараф буд. Дидани вафодорӣ ва далерии Шоҳидони ҷавон имони шахсро бисёр мустаҳкам мекард, зеро онҳоро барои дар дуохонӣ иштирок накардан ва сурудҳои динӣ нахонданашон аз мактаб хориҷ мекарданд.

Бародароне, ки дар як давлати хурди Африқо, ки Свазиленд ном дошт, зиндагӣ мекарданд, бо душвории дигар рӯ ба рӯ шуданд. Вақте ки шоҳ Собхузаи II вафот кард аз ҳамаи шаҳрвандон талаб карда мешуд, ки дар урфу одатҳои муайяни азодорӣ иштирок кунанд. Яке аз ин урфу одатҳо чунин буд, ки мардон бояд мӯйи сарашонро мегирифтанд, занон бошанд, мӯйи сарашонро кӯтоҳ мекарданд. Бисёр бародару хоҳаронро барои он ки дар ин урфу одати гузаштагонашон иштирок накарданд, таъқиб намуданд. Садоқатмандии онҳоро дида мо беҳад шод гаштем. Мо аз вафодорӣ ва истодагарии бародару хоҳарони Африқо бисёр чизҳоро омӯхтем ва ин имони моро мустаҳкам кард.

БА ШӮЪБАИ ЧОПКУНӢ БАРМЕГАРДАМ

Соли 1981 ба ман супориш доданд, ки дар ҷорӣ кардани тарзҳои нави чопкунӣ ба воситаи компютерҳо дар филиал кумак расонам. Ҳамин тавр ман ба Шӯъбаи чопкунӣ баргаштам. Он давраҳои хеле шавқовар буд, зеро тарзу усули чопкунӣ хело дигар шуда буд. Намояндаи як ширкат ба филиали мо мошинаи нави ҳуруфчиниеро дод, ки мо онро бепул санҷида метавонистем. Бародарон қарор карданд, ки аз ин мошинаи нав истифода баранд. Акнун мо ба ҷойи нӯҳ дастгоҳи Линотип панҷ мошинаи нави ҳуруфчиниро истифода мебурдем. Инчунин мо дастгоҳи калони нави чопкуниеро ба даст овардем. Ин кори чопкуниро тезонид!

Бародарони ташкилотамон барномаи нави компютерии MEPS-ро истифода бурда тарзи ҷобаҷогузории матнро дар саҳифа ихтироъ карданд. Аз он вақте ки чор каси мо ба хотири мошини Линотип шуда аз Канада ба Африқои Ҷанубӣ омадем, технология хеле тараққӣ кардааст (Иш. 60:17). То он вақт ҳар яки мо ба хоҳарони пешрави рӯҳан баркамол оиладор шуда будем. Билл ва ман то ҳол дар Байт-Ил хизмат мекунем. Кен ва Денис бошанд, фарзанддор шуданд ва дар наздикиҳои Байт-Ил зиндагӣ мекарданд.

Корҳои филиал торафт зиёд мешуд. Адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта ба шумораи бештари забонҳо тарҷумаву чоп мегашт ва ба филиалҳои дигар фиристода мешуд. Охиру оқибат ба мо Байт-Или нав лозим шуд. Он дар минтақаи зебои ғарбии Ёханнесбург сохта шуд ва соли 1987-ум онро барои хизмати Худо бахшиданд. Дар давоми солҳо чунин пешравии кори Худоро дида дар Кумитаи филиали Африқои Ҷанубӣ хизмат кардан барои ман як хурсандии бузург буд.

БОЗ ЯК ТАЪЙИНОТИ НАВ

Соли 2001 моро боз як таъйиноти ғайричашмдошт интизор буд. Маро барои хизмат ба Кумитаи филиали Иёлоти Муттаҳида, ки нав ташкил шуда буд, даъват карданд. Ҳарчанд барои мо аз кору дӯстонамон дар Африқои Ҷанубӣ ҷудо шудан осон набуд, қисми оилаи Байт-Или Иёлоти Муттаҳида гаштан бароямон шавқовар буд.

Мо дар бораи модари пиронсоли Лора хавотир будем, зеро ба Ню-Йорк рафта ба ӯ бисёр ёрдам дода наметавонистем. Лекин се хоҳари Лора пешниҳод карданд, ки модарашонро аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ ва моддӣ дастгирӣ мекунанд. Онҳо гуфтанд: «Мо пурравақт хизмат карда наметавонем, лекин агар ба модарамон нигоҳубин кунем, ин ба шумо имконият медиҳад, ки хизмати худро давом диҳед». Мо аз онҳо хеле миннатдорем.

Ба ин монанд, бародарам бо ҳамсараш, ки дар Торонто, Канада зиндагӣ мекард, дар бораи модарам, ки танҳо буд, ғамхорӣ менамуд. Ҳамон вақт модарам зиёда аз 20 сол бо онҳо зиндагӣ мекард. Дере нагузашта баъди ба Ню-Йорк рафтанамон модарам вафот кард. Мо аз бародараму занаш барои муҳаббату ғамхориашон беҳад миннатдорем. Дастгирии аъзои оилаамон дар ҳақиқат як баракат буд! Онҳо дар ҳаёти худ дигаргунӣ дароварда, дар бораи волидони пиронсоламон ғамхорӣ намуданд, ҳарчанд баъзан барояшон ин хеле душвор буд.

Якчанд сол вазифаи ман дар Иёлоти Муттаҳида бо тайёр кардани адабиёт алоқаманд буд. Ман шоҳиди он будам, ки чӣ тавр нашри адабиётамон торафт одӣ ва замонавӣ карда мешуд. Солҳои охир ман дар Шӯъбаи таъминот кору фаъолият мекунам. Бароям шарафи бузург аст, ки 20 соли охир аъзои оилаи калони Байт-Ил мебошам, ки дар он қариб 5000 байтилчиён ва 2000 дастёрон меҳнат мекунанд.

60 сол пеш дар гӯшаи хаёлам набуд, ки ман дар ин ҷо хизмат мекунам. Дар давоми ҳамаи ин солҳо Лора маро аз таҳти дил дастгирӣ мекард. Ҳаёти ман дар ҳақиқат пурмаъно буд! Мо таъйинотҳои гуногун доштем ва бо бародарону хоҳарони беҳад хуб ҳамкорӣ кардем. Аз ҷумла бо онҳое, ки ҳангоми хабар гирифтани бисёр филиалҳои тамоми ҷаҳон шинос шудем. Ҳозир ман 80-сола ҳастам ва камтар хизмат мекунам. Чӣ хел хуб, ки ҳозир бисёр бародарони ҷавону қобилиятнок ҳастанд, ки кори Яҳуваро пеш мебаранд!

Забурнавис гуфт: «Чӣ хушбахт аст мардуме, ки Яҳува Худояш аст» (Заб. 33:12). То чӣ андоза ин суханон ҳаққанд! Ман бениҳоят миннатдорам, ки дар хурсандии халқи Худо шарик буда метавонам.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан